Ҳалокати муҳоҷири тоҷик аз таркиши баллони газ дар Уралск

Шаҳрванди 21-солаи Тоҷикистон, ки бар асари таркиши баллони газ дар шаҳраки Зачагански вилояти Қазоқистони Ғарбӣ ҷароҳат бардошта буд, субҳи рӯзи 31 январ дар бемористон ҳалок шуд. Тавре портали “Мой город” бо истинод ба Раёсати тандурустии вилояти Қазоқистони Ғарбӣ хабар медиҳад, пас аз рух додани ҳодиса осебдидагон дар беморхона бистарӣ шуда буданд. – Коргари 21-сола бо […]

Шаҳрванди 21-солаи Тоҷикистон, ки бар асари таркиши баллони газ дар шаҳраки Зачагански вилояти Қазоқистони Ғарбӣ ҷароҳат бардошта буд, субҳи рӯзи 31 январ дар бемористон ҳалок шуд.

Тавре портали “Мой город” бо истинод ба Раёсати тандурустии вилояти Қазоқистони Ғарбӣ хабар медиҳад, пас аз рух додани ҳодиса осебдидагон дар беморхона бистарӣ шуда буданд.

– Коргари 21-сола бо 100% бадани сӯхта дарҳол дар шуъбаи эҳёгарӣ (реаниматсия) бистарӣ шуд, лекин ҷароҳатҳояш хеле вазнин буда, соати 6-и субҳ ҳалок шуд. Боз як осебдидаи 17-сола 40% захми сӯхта гирифта, марди 21-солаи дигар захмҳои сӯхтаи сатҳи миёна гирифтааст. Ҳар ду дар бемористон бистарианд, – гуфтаанд дар Раёсат.

Ҳамчунин дар Раёсати тандурустии вилоят зикр кардаанд, ки ба осебдидагон тамоми кумаки зарурӣ расонида мешавад.

Дар ҳамин ҳол, Sputnik Тоҷикистон бо такя ба маълумоти хабаргузории РИА Новости иттилоъ медиҳад, ки аз се нафаре, ки дар таркиши баллони газӣ дар Уралски Қазоқистон ҷароҳатдор шуданд, танҳо ду нафарашон шаҳрвандони Тоҷикистон мебошанд.

Ёдрас мекунем, ки таркиши баллони газ шоми 30-юми январ дар як бинои хусусӣ дар кӯчаи Бекимов дар Зачаганск (тобеи шаҳри Уралск) рух дода, 3 нафар осеб диданд. Дар бинои ғайриистиқоматӣ дар натиҷаи риоя накардани қоидаҳои бехатарӣ, яъне бо дастгоҳи газӣ гарм кардани баллони газ он таркида, девор чаппа шуд. Дар ин бино онҳо ба корҳои таъмир машғул буданд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.