Пурзӯр шудани назорат дар фурудгоҳҳои Тоҷикистон бо сабаби хуруҷи коронавирус

Баҳриддин Давлатов, Парвиз Турсунзода, Asia-Plus

Дар Тоҷикистон ба пешгирии хатари ворид шудани коронавирус аз Чин ҷиддан омода мешаванд. Дар фурудгоҳи Душанбе дастгоҳҳои ҳароратсанҷ амал карда, табибон бо сарулибоси муҳофизатӣ навбатдорӣ мекунанд.

“Дар фурудгоҳи Хуҷанд низ назорат пурзӯр шуд, – гуфт муовини вазири тандурустӣ Мирҳамуддин Камолзода. – Мутобиқи қоидаҳои вогирию беҳдоштии байнулмилалӣ имрӯз мо пурра омодаем”.

Дар бунгоҳи тиббии фурудгоҳ капсулаи изолятсионӣ тайёр кардаанд, ки дар онҳо гирифторони эҳтимолии вирусро ҷо мекунанд. Пас аз муоинаи аввал бемор ба ихтиёри Беморхонаи клиникии шаҳрии сироятӣ дода мешавад.

Палатаҳо дар қисмати ҷудошуда (изолятсионӣ)-и беморхона, ки ба он рӯзноманигорони “Азия-Плюс”-ро роҳ доданд, холианд. Ба гуфтаи муовини сардухтур Тӯрахон Шарифзода, ин ҷо дар як вақт наздики 300 нафарро ҷудо аз ҳамдигар нигоҳ дошта метавонанд, лекин ҳолатҳои бистарӣ шудан аз сирояти коронавирус то ҳол ба қайд гирифта нашудааст.

“Донишҷӯёне муроҷиат карда буданд, ки дар Чин таҳсил мекунанду ин ҷо дар таътиланд. Мо онҳоро муоинаву ташхис карда, бо сабаби ошкор нашудани аломатҳои беморӣ ба хонаҳояшон ҷавоб додем”, – изҳор дошт муовини сардухтур.

Чӣ гуна муоина шудани мусофирон ва шароит дар беморхонаҳо дар гузориши видеоии мо.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...