СҶТ коронавирусро ҳолати фавқулодаи байнулмилалӣ эътироф кард

Созмони ҷаҳонии тандурустӣ (СҶТ) зимни ҷаласаи кумитаи фавқулода хуруҷи коронавируси навро ҳолати фавқулода дар соҳаи тандурустии ҷамъиятӣ эътироф кард, ки таъсири (фарогирии) байнулмилалӣ дорад. “Бинобар сабаби хуруҷи глобалии коронавирус дар соҳаи тандурустии ҷамъиятӣ ҳолати фавқулодаи байнулмилалӣ эълон мекунам”, – навиштааст сарвари кулли СҶТ Тедрос Адханом Гебрейесус дар Twitter. Ӯ шарҳ додааст, ки сабаби қабули чунин қарор […]

Созмони ҷаҳонии тандурустӣ (СҶТ) зимни ҷаласаи кумитаи фавқулода хуруҷи коронавируси навро ҳолати фавқулода дар соҳаи тандурустии ҷамъиятӣ эътироф кард, ки таъсири (фарогирии) байнулмилалӣ дорад.

“Бинобар сабаби хуруҷи глобалии коронавирус дар соҳаи тандурустии ҷамъиятӣ ҳолати фавқулодаи байнулмилалӣ эълон мекунам”, – навиштааст сарвари кулли СҶТ Тедрос Адханом Гебрейесус дар Twitter.

Ӯ шарҳ додааст, ки сабаби қабули чунин қарор на дар паҳншавии вирус дар Чин, балки дар дигар кишвар ба қайд гирифтани он ифода меёбад.

Тавре Коммерсантъ хабар медиҳад, Созмонро имкони хуруҷи вирус дар кишварҳои соҳаи тандурстиашон то ҳол рушднаёфта бештар нигарон мекунад.

Ба иттилои директори генералии СҶТ, 7834 ҳолати сироятёбӣ аз 2019-nCoV тасдиқ шудааст, ки 7736-тои он дар Чин (99% аз шумори умумии сироятёфтагон дар саросари ҷаҳон) ба қайд гирифта шудааст. Беш аз 170 нафар қурбонии вирус шуда, ҳамаи ҳодисаҳои фавт дар Чин рух додаанд.

Аз ҷумла, аввалин ҳодисаи аз як шахс ба шахси дигар гузаштани коронавирус дар ИМА сабт шудааст. Бемор марди 60-сола мебошад, ки ҳамсараш аз сафар ба Чин баргаштааст. Ин шашумин шахси сироятёфта дар ИМА аст.

Дар Фаронса низ ҳолати шашуми сироятёбӣ тасдиқ шудааст. Табиби ширкати хусусӣ ба беморӣ гирифтор шудааст. Ӯ бо шахсе робита доштааст, ки баъдан ҳолати сиорояаш дар Осиё тасдиқ шудааст.

Тедрос Адханом Гебрейесус ба тадбирҳои Чин дар самти пешгирии паҳншавии вирус баҳои баланд дода, қайд кардааст, ки “агар Чин чунин амалҳоро рӯйи кор намегирифт, дар саросари ҷаҳон ҳолатҳои сироятёбӣ ва марг аз коронавирус хеле зиёд мешуд”.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Қадриддин Аслонову Бахтиёр Худойназаров ва Ҷонибек Муродов то даргузашти Асад Гулзодаи Бухороӣ.