Бонкҳои низомсози Тоҷикистон муайян шуданд

Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) ташкилотҳои қарзии низомсозро барои соли 2020 муайян кард. Тавре шуъбаи матбуоти БМТ хабар медиҳад, “Рӯйхати ташкилотҳои қарзии низомсоз ва ташкилотҳои қарзии эҳтимолӣ барои соли 2020” бо қарори Раёсати Бонки миллӣ мутобиқи “Қоидаҳои муайян намудани ташкилотҳои қарзии низомсоз” тасдиқ карда шуд. Аз рӯйи натиҷаи фаъолияти солона (аз 1-уми январ то 31-уми декабри соли […]

Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) ташкилотҳои қарзии низомсозро барои соли 2020 муайян кард.

Тавре шуъбаи матбуоти БМТ хабар медиҳад, “Рӯйхати ташкилотҳои қарзии низомсоз ва ташкилотҳои қарзии эҳтимолӣ барои соли 2020” бо қарори Раёсати Бонки миллӣ мутобиқи “Қоидаҳои муайян намудани ташкилотҳои қарзии низомсоз” тасдиқ карда шуд.

Аз рӯйи натиҷаи фаъолияти солона (аз 1-уми январ то 31-уми декабри соли 2019) ба рӯйхати мазкур 3 ташкилоти қарзӣ ҳамчун низомсоз дохил шуданд.

Инҳо Бонки давлатии амонатгузории “Амонатбонк”, ҶСК “Ориёнбонк” ва ҶСК “Бонки Эсхата” мебошанд.

Дар банди ҷудогона ба сифати ташкилотҳои қарзии эҳтимолӣ дар замима ба қарор Ташкилоти амонатии қарзии хурди "Имон Интернешнл" зикр мешавад.

Дар замима шарҳ дода мешавад, ки ба ташкилотҳои қарзии эҳтимолӣ он муассисаҳои молиявие дохил мегарданд, ки аз рӯйи баҳодиҳии навбатӣ метавонанд ташкилоти қарзии низомсоз эътироф шаванд.

Рӯйхати мазкур соле як маротиба таҳия шуда, дар сомонаи Бонки миллӣ ва маҷаллаи “Бонкдорӣ Тараққиёт Ҷаҳонишавӣ” нашр мешавад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Қадриддин Аслонову Бахтиёр Худойназаров ва Ҷонибек Муродов то даргузашти Асад Гулзодаи Бухороӣ.