Қарзи БАТР дар ҳаҷми $150 млн барои сохтмони роҳҳо дар шарқи Тоҷикистон

Бонки аврупоии таҷдиду рушд (БАТР) барои маблағгузории сохтмони роҳи автомобилгарди 44-километраи M41, долони асосии нақлиётии кишвар, ки Тоҷикистонро бо Қирғизистон, Қазоқистон ва Хитой мепайвандад, 150 миллион доллар қарз пешниҳод мекунад. Илова бар сармоягузории мазкур, маблағгузории Бонки Осиёгии рушд ва Бонки Осиёгии сармоягузориҳои инфрасохторӣ пешниҳод мегардад, ки якҷоя сохтмони роҳи муваққатии таворавиро дар қитъаи мавҷудаи роҳи […]

Бонки аврупоии таҷдиду рушд (БАТР) барои маблағгузории сохтмони роҳи автомобилгарди 44-километраи M41, долони асосии нақлиётии кишвар, ки Тоҷикистонро бо Қирғизистон, Қазоқистон ва Хитой мепайвандад, 150 миллион доллар қарз пешниҳод мекунад.

Илова бар сармоягузории мазкур, маблағгузории Бонки Осиёгии рушд ва Бонки Осиёгии сармоягузориҳои инфрасохторӣ пешниҳод мегардад, ки якҷоя сохтмони роҳи муваққатии таворавиро дар қитъаи мавҷудаи роҳи М41, ки бояд дар робита бо бунёди нерӯгоҳи барқи обӣ дар ин минтақа иваз карда шавад, маблағгузорӣ мекунанд.

Маблағгузорӣ дар соҳаи ҳамкории техникӣ ҷиҳати арзёбии хавфҳои алоқаманд бо тағйирёбии иқлим аз ҷониби Ҷумҳурии Чех пешниҳод гардид.

Лоиҳа инчунин барои занони маҳаллӣ манфиатҳои зиёди иқтисодӣ фароҳам меорад: дар қади роҳ барои беш аз 8 ҳазор соҳибкорзани водӣ панҷ минтақаи савдо бунёд мегардад. Ҳадди ақал 150 зан аз омӯзиши махсус дар самти баланд бардоштани малакаҳои тиҷоратӣ мегузарад.

Сармоягузориҳо ба беҳтар намудани таҷрибаи нигоҳдории роҳҳои автомобилгард дар Тоҷикистон аз ҳисоби афзундиҳии маблағгузорӣ ва тақвияти нерӯи институтсионалӣ бо дастгирии БАТР мусоидат мекунанд.

Дар қитъаи роҳи нав иншооте, ки масъалаҳои гендериро ба инобат мегиранд ва воситаҳои таъмини бехатарӣ низ сохта мешаванд: гузаргоҳҳо барои пиёдагардон, чароғҳои роҳ, истгоҳҳо барои автобус ва ҳуҷраҳои махсуси оилавӣ дар истгоҳҳо барои истироҳат.

То имрӯз БАТР ба 133 лоиҳа дар соҳаҳои гуногуни иқтисодиёти Тоҷикистон беш аз 700 миллион евро маблағгузорӣ кардааст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.