«Сомон Эйр» ҳамаи парвозҳои моҳи февралро ба Чин бекор мекунад

Ширкати ҳавопаймоии хусусии Тоҷикистон – “Сомон Эйр” парвозҳояшро бо хатсайри Чин дар моҳи феврал бекор мекунад. Парвозҳои ширкат ба Чин ҳанӯз 24 январ қатъ шуда буданд. “Дар робита бо эълон шудани ҳолати фавқуллодаи байналмилалӣ аз ҷониби Созмони Умумиҷаҳонии Тандурустӣ дар пайи хуруҷи глобалии сироати коронавирус, ҳамзамон дар асоси дастури Агентии авиатсияи граждании назди ҳукумати Тоҷикистон […]

Ширкати ҳавопаймоии хусусии Тоҷикистон – “Сомон Эйр” парвозҳояшро бо хатсайри Чин дар моҳи феврал бекор мекунад. Парвозҳои ширкат ба Чин ҳанӯз 24 январ қатъ шуда буданд.

“Дар робита бо эълон шудани ҳолати фавқуллодаи байналмилалӣ аз ҷониби Созмони Умумиҷаҳонии Тандурустӣ дар пайи хуруҷи глобалии сироати коронавирус, ҳамзамон дар асоси дастури Агентии авиатсияи граждании назди ҳукумати Тоҷикистон бо мақсади ҳифзи саломатии аҳолии Тоҷикистон аз сирояти болозикр, ширкати ҳавопаймоии “Сомон Эйр” қарор қабул намуд, ки дар моҳи феврали соли 2020 муваққатан иҷрои хатсайрҳоро дар самти Душанбе-Урумчи-Душанбе қатъ намояд”, – хабар медиҳад дафтари матбуоти ширкат.

Ширкати ҳавопаймоӣ аз мусофирони худ барои эҷоди нороҳатӣ, ки бо сабаби таъмини бехатарӣ ба амал омадааст, маъзарат мепурсад.

Гуфта мешавад, маблағи чиптаи харидаи мусофирони хатсайрҳои қатъшуда баргардонида мешавад.

“Ғайр аз ин, бо хоҳиши мусофирон чиптаи парвоз ба мӯҳлати дигар иваз хоҳад шуд. Маълумоти иловагиро оиди хатсайрҳои қатъшуда метавонед аз маркази маълумотдиҳии ширкати ҳавопаймоӣ бо рақамҳои 44 640 40 49 ва 44 640 40 50 дастрас намоед”, – омадааст дар иттилоияи расмии ширкат.

Хотиррасон мешавад, ки ширкати ҳавопаймоии “Сомон Эйр” бо сабаби ҷашни Соли нав дар Чин аз санаи 24-уми январи соли ҷорӣ парвозҳоро аз Душанбе ба Урумчи ва бозпас муваққатан қатъ карда буд. Хатсайри аввалин дар самти Душанбе-Урумчи баъди ҷашнгирии Соли нав ба санаи 4 феврал ба нақша гирифта шуда буд.

Айни замон ширкати ҳавопаймоии “Сомон Эйр” парвоҳоро аз Тоҷикистон ба Олмон, АМА, Туркию, Ҳиндустон, Чин, Русия, Қазоқистон ва Ӯзбекистон анҷом медиҳад. Парки ширкат аз ҳавопаймоҳои Боинг 737-300, -800, -900 ва чархболи Airbus H125иборат аст.

Ёдрас мекунем, ки дар фурудгоҳи Душанбе дастгоҳҳои ҳароратсанҷ амал карда, табибон бо сарулибоси муҳофизатӣ навбатдорӣ мекунанд. Ҳамчунин дар бунгоҳи тиббии фурудгоҳ капсулаи изолятсионӣ тайёр карда шудааст, ки дар онҳо гирифторони эҳтимолии вирусро ҷо мекунанд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.