Душанбе гуфтушунидҳои марзиро бо Қирғизистон “умедворкунанда” номид

Моҳи феврал ҳайатҳои ҳукумати Тоҷикистону Қирғизистон оид ба масъалаи таъйин ва аломатгузории сарҳади давлатӣ ду вохӯрӣ мегузаронанд. Тавре ба “Азия-Плюс” як манбаи наздик ба ҷараёни гуфтушунидҳо хабар дод, ин масъала зери назорати сарони кишварҳо Эмомалӣ Раҳмон ва Сооронбой Жээнбеков қарор дорад. “Айни замон ҷараёни гуфтушунидҳо оид ба ин масъала умедворкунанда аст, чунки ҷараёни онро шахсан сарони […]

Аваз Юлдошев, Asia-Plus

Моҳи феврал ҳайатҳои ҳукумати Тоҷикистону Қирғизистон оид ба масъалаи таъйин ва аломатгузории сарҳади давлатӣ ду вохӯрӣ мегузаронанд.

Тавре ба “Азия-Плюс” як манбаи наздик ба ҷараёни гуфтушунидҳо хабар дод, ин масъала зери назорати сарони кишварҳо Эмомалӣ Раҳмон ва Сооронбой Жээнбеков қарор дорад.

“Айни замон ҷараёни гуфтушунидҳо оид ба ин масъала умедворкунанда аст, чунки ҷараёни онро шахсан сарони кишварҳои Тоҷикистону Қирғизистон зери назорат гирифтаанд”, – қайд кард манбаъ.

Ба гуфтаи манбаъ, вохӯрии аввали ҳайатҳо таҳти роҳбарии муовинони сарвазири кишварҳои Тоҷикистону Қирғизистон Азим Иброҳим ва Жениш Раззоқов охири ҳафтаи гузашта дар Исфара доир гардида, вохӯрии дуюм рӯзҳои 14-15 феврал дар Бишкек ба нақша гирифта шудааст.

Дар вохӯрии Исфара ҷонибҳо қайд карданд, ки байни Душанбе ва Бишкек барои ҳалли масъалаи таъйин ва аломатгузории сарҳади давлатӣ бо мақсади таҳкими минбаъдаи муносибатҳои дуҷониба ҳамдигарфаҳмӣ вуҷуд дорад.

Тавре қаблан зикр гардида буд, аз рӯйи натиҷаҳои 6 вохӯрӣ 134 харитаи топографӣ таҳия шуданд. Гурӯҳҳои корӣ 120 километр қитъаи сарҳадро таҳқиқ карда, ба хулосае расиданд, ки дар ҳамаи харитаҳо 114 километр дуруст нишон дода шудааст.

Гурӯҳҳои кории топографӣ бояд то 1-уми марти соли 2020 вариантҳои мувофиқашудаи ивази мутақобилаи баробарандозаи қитъаҳои заминро байни ноҳияи Ботканд ва шаҳри Исфара дар Самарқандак ва Кӯк-Тош таҳия созанд.

Қобили зикр аст, ки Тоҷикистон ва Қирғизистон 976 километр марзи муштарак доранд, ки танҳо 504 километри он (60%) аломатгузорӣ шудааст. Дар ин ҳолат 472 километри дигари сарҳади давлатии миёни ду кишвар номуайян боқӣ мемонад. Ин ҳолат боиси баҳсу муноқишаҳои зиёд миёни сокинони минтақаҳои наздисарҳадӣ мешаванд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Муҳимтарин нукоти сафари Ҳаҷ – 2026. Арабистони Саудӣ чӣ маҳдудиятҳо гузошт ва зоирони тоҷик чиҳоро бояд донанд?

Барои ғайриқонунӣ ба Ҳаҷ рафтан то 26 500 доллар ҷарима ва ё ҳатто 6 моҳ ҳабс пешбинӣ шудааст.

Нигаронии Давлаталӣ Саид аз тақсими замин дар Хатлон

Раиси вилоят гуфтааст, ки ин вазъ ба некӯаҳволии сокинон “таъсири манфӣ мерасонад”.

Собиқадорони Ҷанги Бузурги Ватанӣ аз Тоҷикистон дар куҷо зиндагӣ мекунанд?

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳамагӣ 9 нафар собиқадорони ҶБВ боқӣ мондаанд.

Дар Тоҷикистон иди Қурбон кай таҷлил мешавад?

Муфтии кишвар рӯзи эҳтимолии онро гуфт.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 78

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Чанд рӯзи оянда дар Тоҷикистон селу хокбориш пешбинӣ мешавад

Аз шаҳрвандон даъват мешавад, ки аз чораҳои эҳтиётӣ кор гиранд.

Маъмултарин ҳолатҳои риоя нашудани қонунгузории меҳнат дар Тоҷикистон кадомҳоянд?

Соли 2025 бар асари риоя нашудани қоидаҳои техникаи бехатарӣ дар корҳо 18 нафар ҳалок ва 22 нафари дигар ҷароҳат бардоштанд.