Аз фаъолият бозмондани 149 корхонаи саноатӣ дар Тоҷикистон

Соли гузашта 149 корхонаи саноатӣ дар Тоҷикистон аз фаъолият бозмонда, 45 корхонаи дигар муфлис шуданд ва дар марҳиkаи барҳамдиҳӣ қарор доранд. Вазири саноат ва технологияҳои нави ҷумҳурӣ Заробиддин Файзуллозода зимни нишасти матбуотии имрӯза изҳор дошт, ки боз 29 корхонаи саноатӣ бинобар сабаби рақобатнопазирӣ ё мавҷуд набудани ашёи хом барои истеҳсолот кор накардаанд. “Ғайр аз ин, 23 […]

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Соли гузашта 149 корхонаи саноатӣ дар Тоҷикистон аз фаъолият бозмонда, 45 корхонаи дигар муфлис шуданд ва дар марҳиkаи барҳамдиҳӣ қарор доранд.

Вазири саноат ва технологияҳои нави ҷумҳурӣ Заробиддин Файзуллозода зимни нишасти матбуотии имрӯза изҳор дошт, ки боз 29 корхонаи саноатӣ бинобар сабаби рақобатнопазирӣ ё мавҷуд набудани ашёи хом барои истеҳсолот кор накардаанд.

“Ғайр аз ин, 23 корхона ба иллати фарсудашавии таҷҳизот ва 9 корхона бо сабаби дарёфт карда натавонистани иҷозатнома барои истихроҷи канданиҳои фоиданок амал накарданд”, – гуфт ӯ.

Файзуллозода афзуд, ки 43 корхона бо сабаби мушкилоти молиявӣ, қарзҳо аз пардохти андоз ва дигар пардохтҳои ҳатмӣ ба буҷет фаъолият карда натавонистанд.

Вазир иброз дошт, ки баъзе корхонаҳои қарздор аз пардохти андоз ба иҷора дода шуда, бо номи дигар корашонро идома медиҳанд.

Зикр шуд, ки соли 2019 дар Тоҷикистон ба сурати умум 2184 корхонаи саноатии ҳисоботдиҳанда вуҷуд доштанд.

Вазир илова кард, ки соли гузашта 219 корхона ва коргоҳи саноатии нав ба кор даромаданд, аз ҷумла, дар бахши мошинсозӣ 38-то, саноати сабук – 53, истеҳсоли масолеҳи сохтмон – 50, саноати хӯрокворӣ – 62, саноати кӯҳкорӣ – 2 ва саноати истихроҷи ангишт –1 корхона.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.