БАТР ба Тоҷикистон ба сифати грант $7 млн ҷудо мекунад

Дар Вазорати молияи Тоҷикистон ҷанде қабл маросими имзои созишномаи грантӣ байни ҶТ Тоҷикистон, МД “Хоҷагии коммуналӣ”-и ҳукумати шаҳри Кӯлоб ва Бонки аврупоии таҷдид ва рушд (БАТР) оид ба Лоиҳаи “Идоракунии партовҳои сахти маишии шаҳри Кӯлоб”, инчунин созишномаи грантӣ байни ҶТ, КДК “Нақлиёти мусофиркашони шаҳри Хуҷанд” ва БАТР оид ба Лоиҳаи “Рушди нақлиёти ҷамъиятӣ дар шаҳри Хуҷанд” баргузор […]

Asia-Plus

Дар Вазорати молияи Тоҷикистон ҷанде қабл маросими имзои созишномаи грантӣ байни ҶТ Тоҷикистон, МД “Хоҷагии коммуналӣ”-и ҳукумати шаҳри Кӯлоб ва Бонки аврупоии таҷдид ва рушд (БАТР) оид ба Лоиҳаи “Идоракунии партовҳои сахти маишии шаҳри Кӯлоб”, инчунин созишномаи грантӣ байни ҶТ, КДК “Нақлиёти мусофиркашони шаҳри Хуҷанд” ва БАТР оид ба Лоиҳаи “Рушди нақлиёти ҷамъиятӣ дар шаҳри Хуҷанд” баргузор гардид.

Тавре  Раёсати котиботи Вазорати молияи ҷумҳурӣ хабар медиҳад, ин созишномаҳоро аз ҷониби Тоҷикистон – вазири молияи кишвар Файзиддин Қаҳҳорзода ва аз ҷониби БАТР Айтен Рустамова – Намояндаи доимии Бонки мазкур дар Тоҷикистон ба имзо расониданд.

Маблағи умумии созишномаҳои баимзорасида 7 млн. доллари амрикоиро ташкил дода, аз он 5 млн. доллар аз ҳисоби маблағҳои грантии Дафтари Швейтсария оид ба ҳамкориҳои иқтисодӣ (SECO) барои татбиқи лоиҳаи “Рушди нақлиёти ҷамъиятӣ дар шаҳри Хуҷанд” ва 2 млн. доллар барои татбиқи лоиҳаи “Идоракунии партовҳои сахти маишии шаҳри Кӯлоб” аз ҳисоби маблағҳои грантии Иттиҳоди Аврупо равона мегардад.

“Мақсади асосии Лоиҳаи “Идоракунии партовҳои сахти маишии шаҳри Кӯлоб” ин ҷорӣ кардани технологияи муосири идоракунии партовҳои сахти маишӣ, усулҳои нави ҷамъоварӣ ва баровардани партовҳо, баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасонӣ, беҳтаргардонии вазъи санитарӣ ва экологии шаҳри Кӯлоб мебошад”, – омадааст дар хабари вазорат.

Зикр мешавад, ки ҳадафи лоиҳаи “Рушди нақлиёти ҷамъиятӣ дар шаҳри Хуҷанд” ин беҳтар кардани сифати хизматрасонии нақлиёти ҷамъиятии шаҳри Хуҷанд буда, дар доираи он харидории автобусҳои замонавӣ ба нақша гирифта шудааст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Давоми 3 моҳ Тоҷикистон чӣ ва чӣ қадар хариду фурӯхт?

Ҳаҷми савдои хориҷии ҷумҳурӣ ба андозаи 21% афзуд.

Дастаи футболи наврасони Тоҷикистон бо шикасти Мянмар ба Ҷоми ҷаҳон роҳхат гирифт

Дастаи мунтахаби наврасони то 17-солаи Тоҷикистон дар даври дуюми марҳилаи гурӯҳии Ҷоми Осиё-2026 ҳамсолони худ аз Мянмарро бо натиҷаи 1:0 шикаст доданд.

Рақибони дастаи футболи Тоҷикистон дар Ҷоми Осиё муайян шуданд

Ҷоми Осиё-2027 аз 7-уми январ то 5-уми феврали соли оянда дар Арабистони Саудӣ баргузор мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон ба Чин сафар мекунад

Зимни ин сафар татбиқи лоиҳаҳои муштарак, аз ҷумла энергетика, “иқтисоди сабз” ва фанновариҳои рақамӣ" баррасӣ хоҳанд шуд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 10 майи соли 2026

Аз таъсиси Консерваторияи миллӣ то зодрӯзи Ҳошим Гадову Абдулмаҷид Достиев.

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.