Рақобати 241 номзад ба 63 курсии вакилии парлумон дар Тоҷикистон

Аз онҳо 176 номзад дар 41 ҳавзаи якмандатии интихоботӣ ва 65 номзад тибқи рӯйхати ҳизбӣ дар ҳавзаи ягонаи умумиҷумҳуриявии интихоботӣ рақобат мекунанд. Дар ин бора ба “Азия-Плюс” аз Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ (КМИР)-и Тоҷикистон хабар доданд. Байни номзадҳои расман сабтиномшуда ба вакилии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ 48 нафарашон занон мебошанд. Ҳамин тариқ, барои ба даст […]

Аз онҳо 176 номзад дар 41 ҳавзаи якмандатии интихоботӣ ва 65 номзад тибқи рӯйхати ҳизбӣ дар ҳавзаи ягонаи умумиҷумҳуриявии интихоботӣ рақобат мекунанд. Дар ин бора ба “Азия-Плюс” аз Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ (КМИР)-и Тоҷикистон хабар доданд.

Байни номзадҳои расман сабтиномшуда ба вакилии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ 48 нафарашон занон мебошанд.

Ҳамин тариқ, барои ба даст овардани як курсии вакилӣ ба ҳисоби миёна 4 нафар номзадҳо талош меварзанд.

Айни замон дар ҷумҳурӣ маъракаи ташвиқоти пеш аз интихоботӣ ҷараён дошта, 29-уми феврал дар кишвар ба истилоҳ “рӯзи хомӯшӣ” фаро мерасад.

Мувофиқи меъёрҳои қонунгузории Тоҷикистон, интихоботи парлумонии рӯзи 1-уми март дар он ҳолат баргузоршуда эътироф мегардад, ки дар он аз наздики 4,7 млн нафар интихобкунандагони қайдшуда беш аз 50%-ашон овоз диҳанд. Онҳо имкон доранд, ки аз соати 6.00 то 20.00 дар қитъаҳои интихоботӣ раъй диҳанд. Варақаҳои интихоботӣ бо 4 забон: тоҷикӣ, ӯзбекӣ, қирғизӣ ва русӣ нашр мешаванд.

Маълумот дар бораи нишондиҳандаи овоздиҳиро КМИР муддати тамоми рӯз баъди ҳар як соат эълон мекунад. Натиҷаҳои пешакии интихобот ба палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон ва мақомоти маҳаллии қонунгузор рӯзи душанбе, 2-юми март маълум мешаванд.

Ба палатаи поёнии парлумон 63 нафар вакилон интихоб мешаванд: 41 нафар аз ҳавзаҳои якмандатии интихоботӣ ва 22 нафар тибқи рӯйхати ҳизбӣ дар ҳавзаи ягонаи умумиҷумҳуриявии интихоботӣ.

Ҷараёни интихоботро беш аз 500 нафар нозирони байнулмилалӣ ва зиёда аз 1000 нафар нозирони маҳаллӣ пайгирӣ (мониторинг) карда, беш аз 100 хабарнигори ВАО-и хориҷӣ онро инъикос мекунанд. Хулосаҳои худро нозирон рӯзи душанбе, 2-юми март дарҳол баъди аз ҷониби КМИР эълон шудани натиҷаҳои пешакии интихобот пешниҳод месозанд.

Парлумони Тоҷикистон аз 2 палата иборат аст. Интихобот ба Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон (палатаи болоии парлумон) ба рӯзи 27-уми март таъин шудааст. Ин палата аз 33 аъзо иборат аст, ки 8 нафарашонро президент таъин карда, 25 нафар – 5 нафарӣ тариқи интихоботи ғайримустақим аз ҷониби маҷлисҳои вакилони халқи вилоятҳои Суғд, ВМКБ, Хатлон, шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои тобеи марказ интихоб мешаванд. Ҳар як собиқ президенти Тоҷикистон ҳуқуқ дорад, ки якумрӣ узви Маҷлиси миллӣ бошад.

Вакилон ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ ва Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон ба муҳлати 5 сол интихоб карда мешаванд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.