Рустами Эмомалӣ ба интихобкунандагон обу барқ ва гармиву тартибот дар нақлиётро ваъда мекунад

Раиси пойтахт Рустами Эмомалӣ, ки аз ҳавзаи интихоботии №25-и ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе номзад ба вакилии Маҷлиси вакилони халқи пойтахт пешбарӣ шудааст, ният дорад, соҳибкорони ватаниро барои бунёди муассисаҳои таълимӣ ва майдончаҳои варзишии хуштарҳу замонавӣ барои сокинони шаҳри Душанбе ҷалб намояд. Дар ин бора дар барномаи пешазинтихоботии Рустами Эмомалӣ сухан меравад. Дар он таъкид […]

Раиси пойтахт Рустами Эмомалӣ, ки аз ҳавзаи интихоботии №25-и ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе номзад ба вакилии Маҷлиси вакилони халқи пойтахт пешбарӣ шудааст, ният дорад, соҳибкорони ватаниро барои бунёди муассисаҳои таълимӣ ва майдончаҳои варзишии хуштарҳу замонавӣ барои сокинони шаҳри Душанбе ҷалб намояд.

Дар ин бора дар барномаи пешазинтихоботии Рустами Эмомалӣ сухан меравад. Дар он таъкид мешавад, ки барои ӯ саҳми арзанда гузоштан ба рушди Тоҷикистон ва пойтахти он – шаҳри Душанбе ҳадафи асосӣ мебошад.

Раиси шаҳр ба интихобкунандагони худ ваъда медиҳад, ки минбаъд низ тамоми неру ва дониши худро баҳри таъмини сулҳу субот дар ҷомеа, такмили қонунгузорӣ ва санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ, таъмини волияти қонун дар кишвар равона хоҳад кард.

Номбурда ҳамчун вакили Маҷлиси шаҳр ният дорад, ки ба ҳамкории шаҳрдорӣ дар кори рушди саноати кишвар ва шаҳр тақвият бахшида, ба ин васила ҷойҳои нави корӣ фароҳам оварад ва имконоти саноатии шаҳри Душанбе ва Тоҷикистонро афзун кунад.

Ӯ ҳамчунин ният дорад, ки маблағҳои тоҷирон ва соҳибкорони пойтахтро ба сохтмони муассисаҳои соҳаи маориф ва варзиш, таъмиру навсозии роҳҳо ҷалб кунад.

Вай ба интихобкунандагони пойтахт оби тозаи нӯшокӣ, таъмини мунтазами барқу гармӣ, тартибот дар кори нақлиёти ҷамъиятиро ваъда додааст.

Дар барномаи пешазинтихоботии ӯ ноил гардидан ба баланд бардоштани сифати таълим дар мактабҳои таҳсилоти умумӣ ва олӣ, сохтмони мактабу бемористон ва кӯдакистонҳои нав зикр шудааст.

Боз раиси пойтахт дар барномааш изҳор медорад, ки барои дастгирии қишри осебпазири аҳолӣ, нафақахӯрон ва камбизаоатон кӯшиш ба харҷ хоҳад дод.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.