Боздошти 2 гумонбари ҳамла ба муҳоҷирони тоҷик дар вилояти Маскав

Ду нафар гумонбарони ҳамла ба шаҳрвандони Тоҷикистон дар Сергиев Посади вилояти Маскав боздошт шуданд. Тавре «Московский комсомолец» хабар медиҳад, ба гумони даст доштан дар ин ҷиноят сокинони маҳаллии 32 ва 23-сола боздошт шуда, тафтишот ҷараён дорад. Нашрия иттилоъ медиҳад, ки фарзияи содир шудани ҷиноят дар заминаи миллатгароӣ санҷида мешавад. Ёдрас мекунем, ки рӯзи 10-уми феврал бар […]

Asia-Plus

Ду нафар гумонбарони ҳамла ба шаҳрвандони Тоҷикистон дар Сергиев Посади вилояти Маскав боздошт шуданд.

Тавре «Московский комсомолец» хабар медиҳад, ба гумони даст доштан дар ин ҷиноят сокинони маҳаллии 32 ва 23-сола боздошт шуда, тафтишот ҷараён дорад. Нашрия иттилоъ медиҳад, ки фарзияи содир шудани ҷиноят дар заминаи миллатгароӣ санҷида мешавад.

Ёдрас мекунем, ки рӯзи 10-уми феврал бар асари ҷанҷолу занозании дастаҷамъона дар вилояти Маскав 2 шаҳрванди Тоҷикистон бо ҳолати вазнин дар бемористон бистарӣ шуданд. Муноқиша нимаи шаб дар назди қаҳвахонаи “Звездочка” дар Сергиев Посад ба амал омад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Тоҷикистон дар қаҳрамонии Осиё ҷойи дуюм шуд. Ҷудокорони тоҷик бо 5 медал бармегарданд

Паҳлавонони тоҷик дар ин мусобиқот 2 нишони тилло, 2 нуқра ва 1 биринҷӣ ба даст оварданд.

Чаро “eDonish” дар рафту омади хонанда ва баҳогузорӣ хато мекунад? “Шаҳри ҳушманд” шарҳ дод

Волидайни хонандаҳо аз кори носаҳеҳи барномаи рақамии таълимӣ шикоят мекунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 70

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Зайнулобиддин Кобуливу Шокирҷон Ҳакимов то даргузашти Ғуломҳайдар Ғуломалиев ва Рӯзи гули бойчечак

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.