Таъсиси муассисаи нав дар Тоҷикистон барои таъмини кори мунтазами нақбҳо

Бо супориши ҳукумати кишвар дар назди Вазорати нақлиёти Тоҷикистон муассисаи нав таъсис дода шуд. Он ба ҳолати коршоям нигоҳ доштани нақбҳо, аз ҷумла, кори муназзами рӯшноидиҳӣ, софкунии ҳаво дар онҳо, инчунин берун овардани мошинҳои дармонда машғул хоҳад шуд. Тавре ба “Азия-Плюс” вазири нақлиёти Тоҷикистон Худоёр Худоёрзода хабар дод, дар муассисаи нав 18 нафар мутахассисон ба […]

Аваз Юлдошев, Asia-Plus

Бо супориши ҳукумати кишвар дар назди Вазорати нақлиёти Тоҷикистон муассисаи нав таъсис дода шуд. Он ба ҳолати коршоям нигоҳ доштани нақбҳо, аз ҷумла, кори муназзами рӯшноидиҳӣ, софкунии ҳаво дар онҳо, инчунин берун овардани мошинҳои дармонда машғул хоҳад шуд.

Тавре ба “Азия-Плюс” вазири нақлиёти Тоҷикистон Худоёр Худоёрзода хабар дод, дар муассисаи нав 18 нафар мутахассисон ба кор гирифта шуда, барои фаъолияти пурсамари онҳо техникаи муосир, таҷҳизот ва сарулибоси махсус харида шудааст.

Ба гуфтаи вазири нақлиёт, басти воҳидҳои корӣ (штат)-и ин муассиса тадриҷан зиёд мешавад.

Муассиса корҳои хизматрасониро дар нақбҳои «Хатлон», «Озодӣ», «Истиқлол» ва «Шаҳристон» ба уҳда мегирад.

“Назди муассиса вазифа гузошта шудааст, ки камераҳои мушоҳидавӣ, назорати компютерии вазъи нақбҳо, низомҳои софкунии ҳаво бояд доимо дар ҳолати коршоям қарор дошта бошанд”, – илова кард вазир.

Айни замон дар роҳҳои автомобилгарди Тоҷикистон 4 нақб амал мекунанд, ки масофаи умумии онҳо беш аз 18 километрро ташкил медиҳад. Ҳамаи ин нақбҳо ду даҳсолаи охир бо харҷи беш аз 250 млн доллар сохта шуданд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Марҳилаи дуюми Барномаи рушди нақлиёти барқӣ дар Тоҷикистон тасдиқ шуд. Дар он чӣ гуфта шудааст?

Аз ҷумла дар барнома зикр шудааст, ки дар се сол беш аз 200 автобуси барқӣ истеҳсол мешавад.

Тоҷикистону Қазоқистон дар бахши кишоварзӣ Харитаи роҳ ба имзо мерасонанд

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот дар соҳаи кишоварзӣ байни ду кишвар ба 595 млн доллар расидааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 86

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 13 майи соли 2026

Аз таъсиси боғи ботаникии Помир то даргузашти Баҳриддин Камолиддинов ва Рӯзи ҷаҳонии парандаҳои муҳоҷир.