Раиси Кумитаи андоз Google, Apple, Microsoft ва Facebook-ро андозбандӣ карданист

Кумитаи андоз ба ҳукумати ҷумҳурӣ пешниҳод кардааст, ки ширкатҳои хориҷии машғул ба хизматрасониҳои интернетӣ дар Тоҷикистон андозбандӣ шаванд. “Аз ҳисоби хизматрасониҳо ба шаҳрвандони мо ширкатҳои хориҷӣ фоида мегиранд. Мо бояд заминаи дахлдори ҳуқуқӣ муҳайё карда, онҳо (ширкатҳои хориҷӣ – Эзоҳи идора) бояд ихтиёрӣ худро ба қайд гиранд ва андоз пардохт кунанд”, – изҳор дошт раиси […]

Кумитаи андоз ба ҳукумати ҷумҳурӣ пешниҳод кардааст, ки ширкатҳои хориҷии машғул ба хизматрасониҳои интернетӣ дар Тоҷикистон андозбандӣ шаванд.

“Аз ҳисоби хизматрасониҳо ба шаҳрвандони мо ширкатҳои хориҷӣ фоида мегиранд. Мо бояд заминаи дахлдори ҳуқуқӣ муҳайё карда, онҳо (ширкатҳои хориҷӣ – Эзоҳи идора) бояд ихтиёрӣ худро ба қайд гиранд ва андоз пардохт кунанд”, – изҳор дошт раиси Кумитаи андози назди Ҳукумати ҶТ Нусратулло Давлатзода зимни нишасти матбуотии рӯзи 12-уми феврал дар Душанбе.

Ӯ қайд кард, ки интернет натанҳо сарчашмаи дарёфти маълумот, балки тариқи он ҳамчунин бисёр хизматрасониҳои пулакӣ анҷом дода мешаванд.

“Аз ҷумла, фурӯши бозӣ, филм, китоб, мусиқӣ, чиптатҳои ҳавопаймоӣ, иҷораи меҳмонхона ва ғайра. Ҳамарӯза мо аз ин хизматгузориҳо истифода мекунем. Чунин хизматрасониҳо асосан аз ҷониби ширкатҳои хориҷӣ пешниҳод мешаванд, ки бо истифода аз номукаммалии қонунгузорӣ дар ин самт, худро ба қайд намегузоранд ва ба ин васила андоз ҳам пардохт намекунанд”, – гуфт ӯ.

Ба қавли Давлатзода, бо назардошти таҷрибаи дигар кишварҳо замимаҳое таҳия шудаанд, ки ба воситаи онҳо мақомоти андоз ба ҳукумат муроҷиат мекунад.

Ӯ таъкид дошт, ки дар Русия ҳанӯз аз соли 2016 ба ин монанд хизматрасониҳо андозбандӣ мешаванд ва айни замон беш аз 2 ҳазор чунин андозсупорандагон ба қайд гирифа шудаанд.

“Мувофиқи маълумоти мақомоти андози Русия, пас аз ҷорӣ сохтани ААИ ба хизматрасониҳои ширкатҳои бузурги ҷаҳонӣ аз қабили Google, Apple, Microsoft, Facebook ва ғайра танҳо давоми 9 моҳи соли 2019 ба буҷети давлатии Русия 60 млрд рубл маблағ ворид шудааст”, – иброз дошт Давлатзода.

Ҳамчунин ба гуфтаи ӯ, дар Беларус, Олмон, Испания, Юнон ва дигар кишварҳо низ аз чунин тадбирҳо роҳандозӣ шудааст.

Вай афзуд: “Дар Қазоқистону Қирғизистон дар ин самт лоиҳаҳои марбута мавриди таҳия қарор дошта, дар Ӯзбекистон роҳандозии андозбандии хизматрасониҳои электронӣ аллакай ҳамин сол пешбинӣ мешавад”.

Раиси Кумитаи андоз қаблан аз он шикоят карда буд, ки мессенҷерҳо ба андозчиён барои ҷамъоварии пули пешбинишуда халал расониданд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.