Корманди андози аз соҳибкор $500 “доля”-и моҳона талабкарда аз кор озод шуд

Сардори нозироти андози шаҳри Бӯстони вилояти Суғд Бедил Ҳусейнов аз вазифааш озод карда шудааст: номи ӯ пас аз талаби $500 “доля” (ҳақ) ҳар моҳ аз соҳибкор расонаӣ шуд. Худи Бедил Ҳусейнов низ аз мансаб барканор шуданашро ба “Азия-Плюс” тасдиқ кард. Ӯ қайд кард, ки 7-уми феврал аз вазифаи сардори нозироти шаҳри Бӯстон (собиқ Чкаловск) озод карда […]

Сардори нозироти андози шаҳри Бӯстони вилояти Суғд Бедил Ҳусейнов аз вазифааш озод карда шудааст: номи ӯ пас аз талаби $500 “доля” (ҳақ) ҳар моҳ аз соҳибкор расонаӣ шуд.

Худи Бедил Ҳусейнов низ аз мансаб барканор шуданашро ба “Азия-Плюс” тасдиқ кард. Ӯ қайд кард, ки 7-уми феврал аз вазифаи сардори нозироти шаҳри Бӯстон (собиқ Чкаловск) озод карда шудааст.

“Инкор ё гуфта наметавонам, ки барканории ман аз мансаб ба баҳсам бо соҳибкор Фарҳод Юлдошев ё ба сабаби дигар вобаста аст. Қарори роҳбариятро оромона қабул кардам. Дар ин низом ман солҳои зиёд кор кардам. Худо хоҳад, агар дар оянда имкон шавад, боз дар ҳамин низом баҳри шукуфоии кишвар кор хоҳам кард”, – иброз дошт ба “Азия-Плюс” Ҳусейнов.

Соҳибкор қаноатманд аст

Соҳибкор Фарҳод Юлдошев зимни суҳбат бо хабарнигори “Азия-Плюс” изҳор дошт, ки аз кор озод шудани Ҳусейнов аломати хуб аст.

“Пас аз он воқеа дигар моро ташвиш надоданд. Бисёр хурсандам, ки ӯро аз мансаб барканор кардаанд, адолат пирӯз шуд. Шахсоне мисли ӯ ба рушди кишвари мо халал мерасонанд. Агар ҳамаи афроди ба ӯ монандро аз кор озод кунанд, Тоҷикистон минбаъд ҳам рушд меёбад. Ӯ ба ҳар касе, ки бо ӯ гапзанон намекард, зарар расонида метавонист”, – гуфт Юлдошев.

Ӯ ҳамчунин аз ҳамаи соҳибкорони Тоҷикистон даъват кард, ки вобаста ба масъалаҳои фишор аз ҷониби мақомоти андоз ва дигар шахсон  ошкоро изҳори назар кунанд.

Ёдрас мекунем, ки нимаи моҳи декабри соли гузашта дар Facebook акси эълоне нашр шуд, ки соҳибкор аз шаҳри Бӯстони вилояти Суғд дар даромадгоҳи маркази хизматрасонии худ овехта буд. «Фурӯхта мешавад. Корманди андоз Ҳусейнов Бедил 500 доллар моҳона "доля" талаб дорад»”, – навишта шуда буд дар эълон.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.