Таъсиси боз як бонки давлатии тиҷоратӣ дар Тоҷикистон

Айни замон ҷиҳати омода кардани оинномаи ин бонки таъсисмеёфта корҳо ҷараён доранд. Дар ин бора зимни нишасти матбуотии рӯзи 13-уми феврал дар Душанбе вазири молияи Тоҷикистон Файзиддин Қаҳҳорзода хабар дод. Ба гуфтаи ӯ, сарчашмаҳои имконпазири маблағгузории ин ташкилоти қарзӣ мавриди баррасӣ қарор дорад. “Меъёрҳо муайян шудаанд, ҳаҷми сармояи оинномавӣ бояд аз 50 млн сомонӣ (5,1 […]

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Айни замон ҷиҳати омода кардани оинномаи ин бонки таъсисмеёфта корҳо ҷараён доранд. Дар ин бора зимни нишасти матбуотии рӯзи 13-уми феврал дар Душанбе вазири молияи Тоҷикистон Файзиддин Қаҳҳорзода хабар дод.

Ба гуфтаи ӯ, сарчашмаҳои имконпазири маблағгузории ин ташкилоти қарзӣ мавриди баррасӣ қарор дорад.

“Меъёрҳо муайян шудаанд, ҳаҷми сармояи оинномавӣ бояд аз 50 млн сомонӣ (5,1 млн доллар) зиёд бошад” – иброз дошт ӯ.

Вазири молия таъкид дошт, номгӯйи амалиёте муайян карда мешавад, ки ба воситаи ин бонк анҷом доданаш имконпазир бошад.

“Мо ягона бонки давлатӣ – “Амонатбонк” дорем. Дар робита ба шароити имрӯзаи бахши бонкии кишвар намехоҳем, ки ҳамаи сарбориву душвориҳо бар дӯши як бонк вогузор шавдад. Аз ин рӯ, шароит муҳайё месозем, ки боз як бонки давлатии дигар ба кор даромада, ба соҳаҳои воқеии иқтисод маблағгузорӣ кунад”, – гуфт ӯ.

Ёдрас мекунем, ки раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон зимни ироаи паёми ахир супориш дод, ки барои дастгирии соҳибкории хурду миёна, бахусус, истеҳсолгарон ва содиркунандагони маҳсулот бонк таъсис дода шавад.

“Барои фаъолияти пурсамар ҳамасола ҷудо кардани маблағ аз буҷети давлатиро ба ин бонк афзудан лозим аст”, – гуфт президент.

Дар назар аст, ки бонк назди МД “Фонди дастгирии соҳибкории назди ҳукумати Тоҷикистон” таъсис дода шуда, соли равон ба фаъолият оғоз мекунад.

Вазири молия изҳор дошт, ки бо таъсиси бонки нав ҳамзамон Фонди дастгирии соҳибкорӣ амал хоҳад кард.

“Кӯшиш мекунем, ки фаъолияти Фонд бетағйир боқӣ монад, чунки одамони машғул ба соҳибкории истеҳсолӣ ба қарзҳои имтиёзнок аз ҳисоби буҷет дастрасӣ дошта бошанд”, – таъкид дошт вазир.

Фонди дастгирии соҳибкорӣ ба соҳибкорони маҳаллӣ бо 12  фоизи солона ба муҳлати то 3 сол қарз дода, аз соли 2013 фаъолият мекунад.

Қарзҳо аз ин Фонд дар бештари мавридҳо ба соҳибкорони истеҳсолкунанда ва содиркунандагони маҳсулот дода мешавад.

То имрӯз Фонд ба фаъолияти наздики 300 нафар соҳибкорон ва содиркунандагони маҳсулот маблағгузорӣ кардааст.

Айни замон ҳаҷми сандуқи қарзии Фонд беш аз 200 млн сомониро ташкил медиҳад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Тоҷикистону Қазоқистон оид ба ҳамкорӣ дар бахши кишоварзӣ Харитаи роҳ ба имзо мерасонанд

Ҷонибҳо ба густариши ҳамкорӣ дар сармоягузорӣ ва бунёди корхонаҳои муштарак ҳавасманданд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 86

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 13 майи соли 2026

Аз таъсиси боғи ботаникии Помир то даргузашти Баҳриддин Камолиддинов ва Рӯзи ҷаҳонии парандаҳои муҳоҷир.

Ҷалби беш аз $8 млрд сармоя ба Тоҷикистон. Натиҷаҳои ду рӯзи сафари давлатии Эмомалӣ Раҳмон ба Чин

Раисҷумҳури Тоҷикистон гуфтааст, ки ҳоло наздики 6 ҳазор донишҷӯ аз Тоҷикистон дар Чин таҳсил мекунанд

КДАМ сабабҳои ихроҷи чанде аз паноҳҷӯёни афғонистониро шарҳ дод

Омори ҷинояте, ки ба паноҳҷӯёни афғонистонӣ марбут аст, интишор шуд.