Оғози қабули пардохтҳои хизматрасониҳои манзилию коммуналӣ дар «МегаФон Тоҷикистон»

Date:

МегаФон Тоҷикистон феҳристи хизматрасониҳоеро, ки дар марказҳои хизматрасонии муштариён дастрасанд, васеъ менамояд. Махсусан, дар он ҷо  пардохти маблағ аз рӯи расид барои истифодаи об ва қувваи барқ, ворид намудани маблағ барои адои қарз, пардохти маблағи интернети хонагӣ ва телефония, ҳисоби депозитӣ,  пур кардани тавозуни муштариёни дигар операторони алоқа имконпазир мегарданд. Маблағҳои пардохт бе комиссия дар дилхоҳ идораи МегаФон қабул карда мешаванд.

МегаФон Тоҷикистон дорои яке аз шабакаҳои калонтарини фурӯши чакана дар ҷумҳурӣ мебошад. Идораҳои хизматрасонии муштариён дар ҳамаи ноҳияҳо фаъолият дошта,  дар ҷойҳои қулайтарин барои ташрифоварӣ, аз ҷумла дар бозорҳо, марказҳои калони савдо ва дар назди биноҳои маъмурии шаҳру шаҳракҳо ҷойгиранд.  Ин дар навбати худ, имкониятҳои сокинони кишварро барои пардохти ҳаққи хизматрасониҳои манзилию коммуналӣ ва ҳисобномаҳои дигар  васеътар мегардонад.

«Дар баробари ташкили шабакаи фурӯши чаканаи худӣ, мо аввал дар бораи қулай гардидани машваратгирӣ ва пур кардани ҳисоби мобилии  муштариён фикр кардем, вале баъдан, бо васеъкунии имкониятҳои мизоҷони худ, мо ба андешае омадем, ки  барои онҳо  дигар намудҳои хизматрасониҳоро низ пешниҳод намоем”, – мегӯяд директори тиҷоратии ширкати «МегаФон Тоҷикистон» Ҷамшед Бобоалиев.

Ба гуфтаи ӯ, заминаҳои рақамии муосир барои қабули пардохтҳои ширкату корхонаҳои гуногун имконият фароҳам меоранд, яъне, минбаъд барои пардохти ҳаққи хизматрасониҳои гуногун танҳо ба як макон рафтан кифоя аст.   

“Ҳамин тариқ, мизоҷони идораҳои мо ҳам вақт ва ҳам воситаҳои пулии худро сарфа менамоянд, зеро харҷи иловагии роҳкиро лозим намешавад.  Рӯзҳои наздик сокинони кишвар сатҳи муфид ва қулай будани хизматрасониҳоро арзёбӣ менамоянд», – илова кардааст ӯ.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 26

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 25

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Умре дар хидмати қалам. Алӣ Бобоҷон, адиб ва рӯзноманигори тоҷик 90-сола шуд

Агар Алӣ Бобоҷон имрӯз зинда мебуд, 10-уми феврал 90-солагиашро...