Оғози қабули пардохтҳои хизматрасониҳои манзилию коммуналӣ дар «МегаФон Тоҷикистон»

МегаФон Тоҷикистон феҳристи хизматрасониҳоеро, ки дар марказҳои хизматрасонии муштариён дастрасанд, васеъ менамояд. Махсусан, дар он ҷо  пардохти маблағ аз рӯи расид барои истифодаи об ва қувваи барқ, ворид намудани маблағ барои адои қарз, пардохти маблағи интернети хонагӣ ва телефония, ҳисоби депозитӣ,  пур кардани тавозуни муштариёни дигар операторони алоқа имконпазир мегарданд. Маблағҳои пардохт бе комиссия дар […]

МегаФон Тоҷикистон феҳристи хизматрасониҳоеро, ки дар марказҳои хизматрасонии муштариён дастрасанд, васеъ менамояд. Махсусан, дар он ҷо  пардохти маблағ аз рӯи расид барои истифодаи об ва қувваи барқ, ворид намудани маблағ барои адои қарз, пардохти маблағи интернети хонагӣ ва телефония, ҳисоби депозитӣ,  пур кардани тавозуни муштариёни дигар операторони алоқа имконпазир мегарданд. Маблағҳои пардохт бе комиссия дар дилхоҳ идораи МегаФон қабул карда мешаванд.

МегаФон Тоҷикистон дорои яке аз шабакаҳои калонтарини фурӯши чакана дар ҷумҳурӣ мебошад. Идораҳои хизматрасонии муштариён дар ҳамаи ноҳияҳо фаъолият дошта,  дар ҷойҳои қулайтарин барои ташрифоварӣ, аз ҷумла дар бозорҳо, марказҳои калони савдо ва дар назди биноҳои маъмурии шаҳру шаҳракҳо ҷойгиранд.  Ин дар навбати худ, имкониятҳои сокинони кишварро барои пардохти ҳаққи хизматрасониҳои манзилию коммуналӣ ва ҳисобномаҳои дигар  васеътар мегардонад.

«Дар баробари ташкили шабакаи фурӯши чаканаи худӣ, мо аввал дар бораи қулай гардидани машваратгирӣ ва пур кардани ҳисоби мобилии  муштариён фикр кардем, вале баъдан, бо васеъкунии имкониятҳои мизоҷони худ, мо ба андешае омадем, ки  барои онҳо  дигар намудҳои хизматрасониҳоро низ пешниҳод намоем”, – мегӯяд директори тиҷоратии ширкати «МегаФон Тоҷикистон» Ҷамшед Бобоалиев.

Ба гуфтаи ӯ, заминаҳои рақамии муосир барои қабули пардохтҳои ширкату корхонаҳои гуногун имконият фароҳам меоранд, яъне, минбаъд барои пардохти ҳаққи хизматрасониҳои гуногун танҳо ба як макон рафтан кифоя аст.   

“Ҳамин тариқ, мизоҷони идораҳои мо ҳам вақт ва ҳам воситаҳои пулии худро сарфа менамоянд, зеро харҷи иловагии роҳкиро лозим намешавад.  Рӯзҳои наздик сокинони кишвар сатҳи муфид ва қулай будани хизматрасониҳоро арзёбӣ менамоянд», – илова кардааст ӯ.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...