Лижаронҳои кӯҳӣ дар Сафед-Дара қувваозмоӣ карданд

Рӯзҳои 15-16 феврал дар “Сафед-Дара” мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба лижаронии кӯҳӣ байни наврасону ҷавонон (духтарону писарон) доир гардид. Тавре маркази матбуоти Кумитаи миллии олимпии ҷумҳурӣ хабар медиҳад, дар мусобиқа 68 варзишгар дар ҳайати 6 даста аз рӯйи равияҳои слалом ва гигант слалом дар синну соли гуногун миёни ҳам рақобат карданд. Гуфта мешавад, дар мусобиқаи слалом миёни […]

Рӯзҳои 15-16 феврал дар “Сафед-Дара” мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба лижаронии кӯҳӣ байни наврасону ҷавонон (духтарону писарон) доир гардид.

Тавре маркази матбуоти Кумитаи миллии олимпии ҷумҳурӣ хабар медиҳад, дар мусобиқа 68 варзишгар дар ҳайати 6 даста аз рӯйи равияҳои слалом ва гигант слалом дар синну соли гуногун миёни ҳам рақобат карданд.

Гуфта мешавад, дар мусобиқаи слалом миёни писарони соли таваллудашон 1998-2000 Сайфиддин Низомиддин (ҷавонони сини то 22-сола), Саидшараф Эшонов (то 19-сола), Алиҷони Бобосанг (наврасони то 17-сола), Аминҷони Абдушукур (то 15-сола), Яқубҷон Маҳмадшарифзода (писарони синни то 13-сола), Раҳмияи Илҳомиддин (духтарони синни то 15-сола), Ҳафиза Назарова (духтарони синни то 12-сола) пирӯзӣ ба даст оварданд.

Дар мусобиқаи гигант слалом миёни писарони соли таваллудашон 1998-2000 боз Сайфиддин Низомиддин ғолиб омад. Байни наврасон ва писарон  Рофеъхони Абдураҳим (то 19-сола), Миршарифи Абдусалом (то 17-сола),  Шаҳбози Алиакбар (то 15-сола), Алишери Фатҳулло (то 13-сола) ғолиб дониста шуданд.

Байни духтарон дар мусобиқаи гигант слалом ғолибият ба Азизмоҳи Нуралӣ (то 15-сола) ва Муродбегим Мардонзода (то 12-сола) насиб гардид.

Ба ғолибон ва ҷоизадорони мусобиқа мукофот ва дипломҳои Кумитаи ҷавонон ва варзиши назди ҳукумати Тоҷикистон ва Ассостсиатсияи миллии намудҳои зимистонаи варзиш тақдим карда шуданд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.