Салом алайкум, Тоҷикистон! Анонс, як рӯзи таърих, вазъи обуҳаво

Date:

АНОНС

– Дар Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон оид ба натиҷаҳои фаъолият дар соли 2019 нишасти матбуотӣ доир мегрард.

– Дар Ҳиндустон Чемпионати Осиё оид ба гӯштини тарзи озод, юнониву румӣ ва гӯштини занона оғоз мешавад, ки мусобиқаи интихобӣ ба Бозиҳои олимпӣ мебошад. Дастаи Тоҷикистон низ дар ин мусобиқа иштирок мекунад.

ҚУРБИ АСЪОР

Қурби асъор нисбат ба сомонӣ (асъори миллии Тоҷикистон), ки Бонки миллии ҷумҳурӣ муқаррар кардааст:

ИЗОБРАЖЕНИЕ

1 доллари ИМА – 9.6965 сомонӣ;

1 евро – 10.5091 сомонӣ;                     

1 рубли русӣ – 0.1520 сомонӣ.

ЯК РӮЗИ ТАЪРИХ

2007 — Дар вилояти Суғд фестивал-озмуни «Русская песня» баргузор шуд.

1201 Зодрӯзи мутафаккири тоҷик Насриддин Тӯсӣ.

1929 — Мавлуди Ҳунарманди шоистаи Тоҷикистон Анвер Аминов.

1945 Зодрӯзи доктори улуми таърих, профессор Сайдулло Абдуллоев.

1946  Мавлуди меъмор Рустам Муқимов.

1948  Зодрӯзи Ҳунарманди шоистаи Тоҷикистон Гулсара Абдуллоева.

1961 — Мавлуди сароянда, Ҳунарманди шоистаи Тоҷикистон Хурсандмурод Зарифов.

1962 — Зодрӯзи журналист Мирзонабии Холиқзод.

РӮЙДОДҲОИ МУҲИМИ РӮЗ

Дар ин рӯз бори нахуст ирсоли почта бо ҳавопаймо сурат гирифт. Рӯзи 18 феврали соли 1911 халабони фаронсавӣ Анр Пике 6,5 ҳазор адад мактуб ва 250 дона руқъа (открытка)-ҳоро бо ҳавопаймо ба масофаи 13 км аз шаҳри Оллоҳобод то Наинии Ҳиндустон расонд.

ИЗОБРАЖЕНИЕ

Имрӯз дар Русия Рӯзи пулиси нақлиёт ва дар Туркманистон Рӯзи кормандони дипломатӣ ҷашн гирифта мешавад.

18 феврали соли 1930 мунаҷҷим (астроном) Клайд Томбо сайёраи Плутонро кашф кард. Номгузории “Пултон”-ро аввалин бор толибаи 11-солаи мактаб аз Оксфорд Венесия Берни пешниҳод кард.

ИЗОБРАЖЕНИЕ

Дар ин рӯзи соли 1942 дар баҳри Кариб киштии зериобии фаронсавии “Сюркуф” ғарқ шуд, ки моҳи октябри соли 1929 ба кор оғоз намуда буд. Тибқи маълумоти расмӣ “Сюркуф” шабона пас аз бархӯрд бо киштии ҳарбии “Томсон Лайкс”-и ИМА ғарқ шудааст. Ҳамроҳ бо киштӣ 130 нафар беному нишон шуданд.

ИЗОБРАЖЕНИЕ

ОБУҲАВО

Дар вилояти Суғд — Ҳавои абрнок, боришот (борон, барф), дар баъзе ноҳияҳо бошиддат ба амал меояд. Шамол аз самти шарқ бо гузариш ба ғарб бо суръати 3-8, дар баъзе ноҳияҳо бо шиддатнокии то 13-18м/с мевазад. Дар водиҳо шабона -1+4°, рӯзона 1-6 гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 2-7° хунук, рӯзона -2+3° мешавад.

Дар вилояти Хатлон — Ҳавои абрнок, шабона бебориш, рӯзона боришот (борон, барф), дар баъзе ҳолатҳо бошиддат ба амал меояд. Шамол аз самти шарқ бо гузариш ба ғарб бо суръати 2-7, дар баъзе ноҳияҳо бо шиддатнокии то 12-17м/с мевазад. Дар водиҳо шабона 3+8° гарм, рӯзона 7-12° гарм, дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ шабона -1+4°, рӯзона 3+8° гарм мешавад.

Дар ВМКБ — Ҳавои абрнок, боришот (борон, барф), дар баъзе ноҳияҳои ғарбии вилоят бошиддат ба амал меояд. Шамол аз самти шарқ бо гузариш ба ғарб бо суръати 3-8м/с мевазад. Дар ғарби вилоят шабона 4-9° хунук, рӯзона -2+3°, дар шарқи вилоят 17-22° хунук, рӯзона 1-6° хунук мешавад.

Дар НТМ — Ҳавои абрнок, боришот (борон, барф), дар баъзе ноҳияҳо бошиддат ба амал меояд. Шамол аз самти шарқ бо гузариш ба ғарб бо суръати 4-9м/с мевазад. Дар водиҳо шабона 0+5° гарм, рӯзона 7+12° гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ 2-7° хунук, рӯзона -2+3° мешавад.

Дар шаҳри Душанбе — Ҳавои абрнок, шабона бе боришоти назаррас (0-0,5мм), рӯзона борон борида, дар қисмати дуюми рӯз бо гузариш ба барфи тар меборад. Шамол аз самти шарқ бо гузариш ба ғарб бо суръати 4-9м/с мевазад. Шабона 2+4° гарм, рӯзона 9+11° гарм мешавад.

Дар шаҳри Хуҷанд — Ҳавои абрнок, боришот (борон, барф) ба амал меояд. Шамол аз самти шарқ бо гузариш ба ғарб бо суръати 3-8, дар баъзе ҳолатҳо бо шиддатнокии то 13-18м/с мевазад. Шабона 0+2° гарм, рӯзона 2+4° гарм мешавад.

Дар шаҳри Бохтар — Ҳавои абрнок, шабона бебориш, рӯзона дар баъзе ҳолатҳо борон меборад. Шамол аз самти шарқ бо гузариш ба ғарб бо суръати 2-7м/с мевазад. Шабона 5+7° гарм, рӯзона 9+11° гарм мешавад.     

Дар шаҳри Хоруғ — Ҳавои абрнок, дар баъзе ҳолатҳо боришот (борон, барф) ба амал меояд. Шамол аз самти шарқ бо гузариш ба ғарб бо суръати 2-7м/с мевазад. Шабона 5-7° хунук, рӯзона 1+3° гарм мешавад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 45 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 26

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 25

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Умре дар хидмати қалам. Алӣ Бобоҷон, адиб ва рӯзноманигори тоҷик 90-сола шуд

Агар Алӣ Бобоҷон имрӯз зинда мебуд, 10-уми феврал 90-солагиашро...