Виталий Левченко сармураббии дастаи “Истиқлол” таъин шуд

Дар дафтари кории дастаи футболи “Истиқлол” рӯзи 17-уми феврал маросими имзои қарордод бо сармураббии нав баргузор шуд. Тавре дар сомонаи даста иттилоъ дода мешавад, созишномаи кор бо собиқ ҳимоятгари мунтахаби футболи Тоҷикистон то охири соли 2020 пешбинӣ шудааст. То ин дам вазифаи сармураббии ин дастаро Алишер Тӯхтаев ба уҳда дошт, ки ҳамроҳи боз 2 нафар аъзои […]

Asia-Plus

Дар дафтари кории дастаи футболи “Истиқлол” рӯзи 17-уми феврал маросими имзои қарордод бо сармураббии нав баргузор шуд.

Тавре дар сомонаи даста иттилоъ дода мешавад, созишномаи кор бо собиқ ҳимоятгари мунтахаби футболи Тоҷикистон то охири соли 2020 пешбинӣ шудааст.

То ин дам вазифаи сармураббии ин дастаро Алишер Тӯхтаев ба уҳда дошт, ки ҳамроҳи боз 2 нафар аъзои ҳайати мураббиён Анвар Норқулов ва Фаррух Бердиев акнун ба сармураббии нав кумак мекунанд.

Виталий Левченко соли 1972 дар шаҳри Хуҷанд ба дунё омадааст. Тарбиятдидаи мактаби маҳаллии футбол мебошад. Дар дастаҳои «Хуҷанд», тимҳои украинии «Динамо» ва ССКА (Киев),  «Таврия»-и Симферопол, дастаҳои русиягии «Волгар» (Астрахан), «Спартак» (Кострома), «Динамо» (Ставропол), «Урал» (Екатеринбург), ҳамчунин тими «Чанчун Ятай»-и Чин бозӣ кардааст. Дар ҳайати мунтахаби Тоҷикистон дар 10 бозӣ ширкат варзидааст.

Дастаҳои украинии «Княжа» (вилояти Бориспол), «Еднист» (вилояти Чернигов), «Десна» (Чернигов)-ро машқ дода, ба ҳайси ёвари сармураббии мунтахаби ҷавонони футболи Украина, ёвари сармураббии мунтахаби футболи Тоҷикистон, сармураббии мунтахаби футболи ҷавонони Тоҷикистон (U-19), сармураббии дастаи “Барқчӣ”-и Ҳисор, ҳамчунин мураббӣ оид ба омодагии ҷисмонии тими русиягии «Крыля Советов» (Самара) кор кардааст. Ахиран дар тими “Хуҷанд” фаъолият дошт.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Зайнулобиддин Кобуливу Шокирҷон Ҳакимов то даргузашти Ғуломҳайдар Ғуломалиев ва Рӯзи гули бойчечак

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.