ДНДҲИ/САҲА ба пайгирии маъракаи интихоботи парлумонӣ дар Тоҷикистон оғоз мекунад

Раиси Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ (КМИР/)-и Тоҷикистон Бахтиёр Худоёрзода дар доираи омодагӣ ба интихоботи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ бо ҳайати Дафтари ниҳодҳои демократӣ ва ҳуқуқи инсони Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо (ДНДҲИ/САҲА) таҳти  роҳбарии Пол Эберхард мулоқот кард. Тавре маркази матбуоти КМИР ҶТ иттилоъ медиҳад, зимни вохӯрӣ ҷонибҳо […]

Раиси Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ (КМИР/)-и Тоҷикистон Бахтиёр Худоёрзода дар доираи омодагӣ ба интихоботи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ бо ҳайати Дафтари ниҳодҳои демократӣ ва ҳуқуқи инсони Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо (ДНДҲИ/САҲА) таҳти  роҳбарии Пол Эберхард мулоқот кард.

Тавре маркази матбуоти КМИР ҶТ иттилоъ медиҳад, зимни вохӯрӣ ҷонибҳо оид ба масъалаҳои тайёрӣ ба маъракаи муҳими сиёсии дарпешистода табодули назар карданд.

Бахтиёр Худоёрзода дар ҷараёни суҳбат аз рафти омодагӣ ба интихоботи Маҷлиси Олӣ ёдовар шуда,  қайд кардааст, ки Комиссия дар асоси талаботи қонунгузории интихоботии кишвар барои субъектони иштирокчии раванди интихобот тамоми шароити баробарро ҷиҳати рақобати солими сиёсӣ муҳайё намуд.

Дар вохӯрӣ гуфта шуд, ки имрӯзҳо дар тамоми ҷумҳурӣ маъракаи тарғиботӣ аз ҷониби ҳизбҳои сиёсӣ ва номзадҳо ба вакилӣ дар шакли вохӯрӣ бо интихобкунандагон ва баромадҳо аз тариқи телевизион, радио ва матбуоти даврӣ муташаккилона идома дошта, иштирокчиёни он ба интихобкунандагон барномаҳои пешазинтихоботии худро муаррифӣ карда истодаанд.

Роҳбари ҳайати нозирони байнулмилалӣ аз ДНДҲИ/САҲА Пол Эберхард фаъолияти анҷомдодаи КМИР-ро дар самти корбарӣ бо занон, ҷавонон ва шахсони дорои мъюбият бо хушнудӣ пазируфта, онро дар раванди омодагӣ ба интихобот мусбат арзёбӣ кардааст.

Дар фарҷоми мулоқот ҷонибҳо изҳор доштанд, ки фаъолияти нозирони байнулмилалӣ дар баргузории интихоботи шаффоф ва ошкоро мусоидат мекунад.

То имрӯз барои иштирок дар интихоботи парлумонии Тоҷикистон (1-уми март) ба сифати нозирони байнулмилалӣ беш аз 200 нафар намояндагони Кумитаи иҷроияи ИДМ, Ассамблеяи байнипарлумонии ИДМ, ДНДҲИ/САҲА, кормандони намояндагиҳои дипломатии ИМА, Русия, Чин, Бритониёи Кабир, Эрон, Олмон ва Ҷопон дар Тоҷикистон худро дар КМИР ҶТ ба қайд (аккредитатсия) гузоштаанд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол нархи маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.