Сафири Тоҷикистон ба Шоҳи Норвегия эътимоднома супурд

Дар Осло сафири Тоҷикистон дар Шоҳигарии Норвегия (бо қароргоҳ дар Вена) Идибек Қаландар ба Шоҳи Норвегия Ҳаралди V эътимоднома супорид. Бино ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии ҶТ, зимни суҳбат Идибек Қаландар ба Шоҳи Норвегия паёми шодбоши Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро расонида, омодагии ҷониби Тоҷикистонро ба таҳкими бештари ҳамкории мутақобилан судманд бо Норвегия изҳор дошт. Гуфта мешавад, […]

Дар Осло сафири Тоҷикистон дар Шоҳигарии Норвегия (бо қароргоҳ дар Вена) Идибек Қаландар ба Шоҳи Норвегия Ҳаралди V эътимоднома супорид.

Бино ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии ҶТ, зимни суҳбат Идибек Қаландар ба Шоҳи Норвегия паёми шодбоши Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро расонида, омодагии ҷониби Тоҷикистонро ба таҳкими бештари ҳамкории мутақобилан судманд бо Норвегия изҳор дошт.

Гуфта мешавад, ҷонибҳо инчунин роҷеъ ба самтҳои муҳимми ҳамкорӣ миёни Тоҷикистон ва Норвегия дар чаҳорчӯби созмонҳои байнулмилалӣ мубодилаи афкор намуданд.

Муносибатҳои дипломатӣ миёни Тоҷикистон ва Шоҳигарии Норвегия соли 1992 барқарор шудаанд. То инҷониб муносибатҳои дипломатии ду давлат танҳо бо мукотибаи дипломатӣ маҳдуд буда, заминаи шартномавӣ-ҳуқуқӣ дар марҳилаи бунёд қарор дорад.

Шоҳигарии Норвегия дар доираи Барномаҳои САҲА бо мақсади нобуд кардани аслиҳаи сабуки оташфишон ва лавозимоти муқаррарии ҷангӣ ба Тоҷикистон кумаки молиявӣ кардааст.

Рӯзи 6 августи соли 2010  «Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ташкилоти «Ёрии халқи Норвегия» дар бораи ҳамкории гуманитарӣ дар соҳаи безараргардонии минаҳо» баста шуд. Дар мувофиқат бо ин созишнома дар соли 2010 ҷониби Норвегия бо мақсади тозакунии майдонҳои минаи Тоҷикистон 7 млн. крон (1,06 млн. $) ҷудо кард.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол нархи маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.