Аҳзоби сиёсии Суғд дар робита ба қабули Қонуни ҶТ «Дар бораи озодии эътиқод ва иттиҳодияҳои динӣ» изҳори нигаронӣ карданд

Хуҷанд. 8-уми апрел. ОИ «Азия-Плюс» – Аҳзоби сиёсии вилояти Суғд дар робита ба қабули Қонуни ҶТ «Дар бораи озодии эътиқод ва иттиҳодияҳои динӣ» изҳори нигаронӣ карданд. Чанде қабл дар шаҳри Хуҷанд бо иштироки намояндагони Ҳизби Сотсиалистӣ, Сотсиал-Демократӣ, Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон ва намояндагони ВАО роҷеъ ба ин масъала мизи мудавввар доир гардид. Намояндаи ҲНИТ Мирзоқул […]

Мавлуда Рафиева


Хуҷанд. 8-уми апрел. ОИ «Азия-Плюс» – Аҳзоби сиёсии вилояти Суғд дар робита ба қабули Қонуни ҶТ «Дар бораи озодии эътиқод ва иттиҳодияҳои динӣ» изҳори нигаронӣ карданд. Чанде қабл дар шаҳри Хуҷанд бо иштироки намояндагони Ҳизби Сотсиалистӣ, Сотсиал-Демократӣ, Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон ва намояндагони ВАО роҷеъ ба ин масъала мизи мудавввар доир гардид.




Намояндаи ҲНИТ Мирзоқул Ҳоҷиматов изҳор дошт, бандҳои қонуни қабулгардида ба муқаррароти Сарқонуни ҶТ ва Эъломияи ҳуқуқи башар мухолифат доранд.



Моҳинисо Хорисова, роҳбари ТҒД «Иттиҳоди шаҳрвандӣ» ва аъзои Ҳизби сотсиалистии Тоҷикистон гуфт, қонуни мазкур метавонад ҷиҳати назорат ва дахолати ҳкуматдорон ба фаъолияти иттиҳодияҳои динӣ истифода бурда шавад.



Раиси шӯъбаи ҲСДТ дар вилояти Суғд Дилбар Самадова дар робита ба масъалаи мазкур изҳор дошт, ки аҳзоби сиёсии вилоят ба ҳеҷ амале даст намезананд, зеро ҳангоми баррасии қонун ақидаҳои худро иброз намудан зарур буд, на баъди қабули қонун.


Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Боздошти як хушдоман бо гумони ба марг расонидани келинаш

ВКД мегӯяд, келини ҷавон ба ҷабру зулми хушдоманаш тоб наоварда, худро ба дарёи “Зарафшон” партофта, ҷон бохтааст.

Парвоз миёни Машҳад ва Душанбе бекор шудааст

Қарор буд пас аз ҷанг дар Ҷумҳурии Исломӣ, 24-уми апрел парвоз байни Эрону Тоҷикистон барқарор шавад,

Дар радабандии ҷаҳонии интернети ноқилӣ Тоҷикистон чаҳор зина боло рафт

Ин нишондиҳандаи беҳтарини кишвар тайи панҷ соли ахир аст.

“Монеи издивоҷ бо дӯстдухтарам шуданд”. Нигаронии Омбудсмен аз табъиз дар ҷомеа

Ҳамчунин, ин ниҳод аз табъиз дар зиндону маҳал ҳам гузориш додааст.

Се бонки Тоҷикистон аз рӯйхати таҳримҳои Иттиҳоди Аврупо хориҷ шуд

Бонки миллии Тоҷикистон гуфт, ки “Спитамен Бонк”, “Душанбе Сити Бонк” ва “Коммерсбонки Тоҷикистон” чӣ гуна аз рӯйхати таҳрим берун шуданд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 74

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Содироти барқ аз Тоҷикистон тариқи лоиҳаи “CASA-1000” тобистони соли оянда оғоз мешавад

Корҳои сохтмонии ин тарҳ дар Афғонистон то баҳори соли оянда ба анҷом мерасад.