МегаФон Тоҷикистон донишҷӯёнро бо имкониятҳои нави рақамӣ шинос кард

Аз тарафи МегаФон Тоҷикистон  экскурсия барои донишҷӯёни Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи М.Осимӣ дар шаҳри Хуҷанд гузаронида шуд. Толибилмон бо инфрасохтор ва хизматрасонии аввалин оператори имкониятҳои нави рақамӣ шинос шуда,   оид ба шаклҳои гуногуни таъмини ҳамаи сокинон бо алоқаи боэътимод ва босифат воқиф гардиданд.      Қисмати аввали экскурсия дар бинои асосӣ, ки дар он […]

Иттилоияи расмӣ

Аз тарафи МегаФон Тоҷикистон  экскурсия барои донишҷӯёни Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи М.Осимӣ дар шаҳри Хуҷанд гузаронида шуд.

Толибилмон бо инфрасохтор ва хизматрасонии аввалин оператори имкониятҳои нави рақамӣ шинос шуда,   оид ба шаклҳои гуногуни таъмини ҳамаи сокинон бо алоқаи боэътимод ва босифат воқиф гардиданд.     

Қисмати аввали экскурсия дар бинои асосӣ, ки дар он коммутатори пайвасткунандаи муштариён байни якдигар ва дастраскунандаи алоқаи муттасил барои муштариёни рақамӣ ҷойгир шудааст,  баргузор гардид.    Донишҷӯён бо фаъолияти Департаменти техникӣ,  ки дар навбати худ назорати таъмини алоқаи боэътимод ва босифатро таъмин менамояд, шинос карда шуданд.   Роҳбари шуъбаи техникии ширкати МегаФон Тоҷикистон Ҷаҳонгир Зайниддинов экскурсияро гузаронида, дар бораи имкониятҳои нави рақамии барои муштариён дар минтақа пешниҳодшаванда  маълумот манзур намуд.  

Сипас гурӯҳи донишҷӯён ба яке аз идораҳои ширкат дар вилояти Суғд  ҷиҳати шиносоӣ бо раванди пешниҳоди хизматгузории баландсифат ба мизоҷон  раҳсипор гардид. Менеҷери калони бахши фурӯшҳо ва хизматрасонии  ширкати МегаФон Тоҷикистон дар вилояти Суғд Раҳматҷон Раҳматов  ба донишҷӯён оид ба равандҳои пешниҳоди хизматгузорӣ дар фурӯши хусусӣ ва бахши кор бо бозори тиҷоратӣ муфассал нақл кард. Барои мутахассисони ояндаи соҳаи техникаву технология шиносоӣ бо хусусиятҳо ва  имкониятҳои рақамии дар бозори телекоммуникатсионӣ пешниҳодшаванда хеле ҷолиб буд.        

«Шиноснамоии донишҷӯёнро бо имкониятҳои нави рақамӣ ва  равандҳои тиҷоратӣ аллакай ҳозир роҳандозӣ намудан зарур аст, зеро ҳар қадаре, ки онҳо дар зинаи тайёрӣ донишу маҳорати мукаммал пайдо намоянд, ҳамон қадар имконияти вобастагии фаъолияти ояндаи онҳо бо соҳаи телекоммуникатсия  бештар мегардад.       Экскурсияи мазкур  дар доираи ҳамкории ширкати МегаФон Тоҷикистон бо муассисаи таҳсилоти олӣ баргузор гардид.   Мо боварӣ дорем, ки ягон нафар аз хатмкунандагони  донишкада ба сафи кормандони тифоқи ширкати мо шомил мешавад» – иброз намуд  Директори раёсати минтақавии ширкати МегаФон Тоҷикистон дар вилояти Суғд Далер Наимов.  

Ба гуфтаи донишҷӯён, экскурсия  бениҳоят мароқовару хотирмон  гузашт. Меҳмонон ба кормандони ширкат  барои истиқболи самимӣ миннатдории худро баён намуда, дар фарҷом   акси якҷояи хотиравӣ гирифтанд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.

Ду ҷудокори тоҷик дар садри радабандии ҷаҳонӣ қарор гирифтанд

Мавқеи паҳлавонони дигари тоҷик дар радабандии ҷаҳонии ҷудо.