Дар Тоҷикистон пагоҳ “рӯзи хомӯшӣ” фаро мерасад

Date:

Рӯзи 1-уми март дар Тоҷикистон маъракаи интихобот ба палатаи поёнии парлумон ва ҳамчунин вакилони маҷлисҳои маҳаллӣ доир мегардад.

Тавре ба “Азия-Плюс” аз Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ (КМИР)-и Тоҷикистон хабар доданд, пагоҳ, 29-уми феврал дар ҷумҳурӣ “рӯзи хомӯшӣ” фаро мерасад.

“Дар қонунгузории кишвар баргузории чорабиниҳои ташвиқотӣ як шабонарӯз то овоздиҳӣ манъ шудааст. ВАО ҳам ба паҳн кардани маводи таблиғотӣ ҳуқуқ надоранд”, – гуфт як манбаъ аз КМИР.

Қобили зикр аст, ки маъракаи ташвиқот аз рӯзи анҷоми сабти расмии номзадҳо ба вакилӣ – аз 10-уми феврал оғоз шуда, як шабонарӯз пеш аз овоздиҳӣ қатъ мешавад. Дар рӯзи раъйдиҳӣ низ ташвиқот манъ аст.

Қонунгузории Тоҷикистон ҳамчунин муқаррар кардааст, ки дар муддати панҷ рӯз то овоздиҳӣ, ҳамчунин дар рӯзи раъйдиҳӣ ба нашри маълумот дар бораи натиҷаҳои назарпурсии афкори ҷомеа, пешгӯии натиҷаҳои интихобот ва дигар таҳқиқоти марбут ба интихобот роҳ дода намешавад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 15 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 11:00 дар Театри давлатии лӯхтаки...

Ҷинояткорӣ миёни ноболиғон афзудааст. Рамазон Раҳимзода онро “ташвишовар” хонд

Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон рӯзи 12-уми феврал...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 14 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 15:00 Диловар Андалибов, овозхони ҷавони...

Додситони кул муноқишаи додситони Бӯстон ва ба таври мармуз аз вазифа озод шудани додситони пешини Хатлонро шарҳ дод

Додситони кулли Тоҷикистон тасдиқ кард, ки барканории Абдуқаҳҳор Азизов...