Ҷаласаи хотимавии даъвати ҳозираи палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон

Имрӯз, 28-уми феврал ҷаласаи хотимавии иҷлосияи шашуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон даъвати панҷум баргузор мешавад. Дар ин бора ба “Азия-Плюс” котиби матбуотии палатаи поёнии парлуомни ҷумҳурӣ Муҳаммадато Султонов хабар дод. Дар ҷаласа бо ҳисобот дар бораи фаъолияти парлумони касбии даъвати ҳозира раиси палата Шукурҷон Зуҳуров суханронӣ мекунад. Дар ҳамин ҳол, вакилони мардумии даъвати кунунии […]

Имрӯз, 28-уми феврал ҷаласаи хотимавии иҷлосияи шашуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон даъвати панҷум баргузор мешавад. Дар ин бора ба “Азия-Плюс” котиби матбуотии палатаи поёнии парлуомни ҷумҳурӣ Муҳаммадато Султонов хабар дод.

Дар ҷаласа бо ҳисобот дар бораи фаъолияти парлумони касбии даъвати ҳозира раиси палата Шукурҷон Зуҳуров суханронӣ мекунад.

Дар ҳамин ҳол, вакилони мардумии даъвати кунунии парлумон алҳол ваколатҳои худро намесупоранд.

“Вакилони ҳозираи парлумон танҳо баъди ба фаъолият оғоз намудани парлумони тозаинтихоб, ки тахминан рӯзи 16-уми март аст, ба истеъфо мераванд”, – гуфт Султонов.

Ба гуфтаи ӯ, Шукурҷон Зуҳуров, ки муддати 10 сол (аз моҳи марти соли 2010 то моҳи марти соли 2020) ба ҳайси раиси палатаи поёнии парлумон ифои вазифа кард, дар бораи дастовард ва камбудиҳои фаъолияти парлумони касбӣ тӯли панҷ соли охир маълумот медиҳад.

Ёдрас мекунем, ки аз 63 нафар вакилони мардумии даъвати ҳозираи парлумон 21 нафарашон ният доранд, ки бори дигар ба боварии интихобкунандагон сазовор шуда, ба курсии вакилӣ соҳиб шаванд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Қадриддин Аслонову Бахтиёр Худойназаров ва Ҷонибек Муродов то даргузашти Асад Гулзодаи Бухороӣ.