Дар Тоҷикистон пагоҳ “рӯзи хомӯшӣ” фаро мерасад

Рӯзи 1-уми март дар Тоҷикистон маъракаи интихобот ба палатаи поёнии парлумон ва ҳамчунин вакилони маҷлисҳои маҳаллӣ доир мегардад. Тавре ба “Азия-Плюс” аз Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ (КМИР)-и Тоҷикистон хабар доданд, пагоҳ, 29-уми феврал дар ҷумҳурӣ “рӯзи хомӯшӣ” фаро мерасад. “Дар қонунгузории кишвар баргузории чорабиниҳои ташвиқотӣ як шабонарӯз то овоздиҳӣ манъ шудааст. ВАО ҳам ба […]

Рӯзи 1-уми март дар Тоҷикистон маъракаи интихобот ба палатаи поёнии парлумон ва ҳамчунин вакилони маҷлисҳои маҳаллӣ доир мегардад.

Тавре ба “Азия-Плюс” аз Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ (КМИР)-и Тоҷикистон хабар доданд, пагоҳ, 29-уми феврал дар ҷумҳурӣ “рӯзи хомӯшӣ” фаро мерасад.

“Дар қонунгузории кишвар баргузории чорабиниҳои ташвиқотӣ як шабонарӯз то овоздиҳӣ манъ шудааст. ВАО ҳам ба паҳн кардани маводи таблиғотӣ ҳуқуқ надоранд”, – гуфт як манбаъ аз КМИР.

Қобили зикр аст, ки маъракаи ташвиқот аз рӯзи анҷоми сабти расмии номзадҳо ба вакилӣ – аз 10-уми феврал оғоз шуда, як шабонарӯз пеш аз овоздиҳӣ қатъ мешавад. Дар рӯзи раъйдиҳӣ низ ташвиқот манъ аст.

Қонунгузории Тоҷикистон ҳамчунин муқаррар кардааст, ки дар муддати панҷ рӯз то овоздиҳӣ, ҳамчунин дар рӯзи раъйдиҳӣ ба нашри маълумот дар бораи натиҷаҳои назарпурсии афкори ҷомеа, пешгӯии натиҷаҳои интихобот ва дигар таҳқиқоти марбут ба интихобот роҳ дода намешавад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Қадриддин Аслонову Бахтиёр Худойназаров ва Ҷонибек Муродов то даргузашти Асад Гулзодаи Бухороӣ.