USAID “Академияи ҷавонони пешсафи Осиёи Марказӣ” таъсис медиҳад

Агентии ИМА оид ба рушди байналмилалӣ (USAID) барномаи дастгирии ҷомеаи шаҳрвандиро дар Осиёи Марказӣ расман оғоз намуд, ки онро Фонди Авруосиё амалӣ мегардонад (www.eurasia.org). Ташаббуси панҷсола бо маблағи 18 миллион доллари амрикоӣ, бо мақсади рушди ҷомеаи фаъол ва масъули шаҳрвандӣ, тариқи дастгирии ҷавонони фаъол дар Осиёи Марказӣ роҳандозӣ мешавад. Дар маросими муаррифии барнома беш аз 100 нафар намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ, […]

Иттилоияи расмӣ

Агентии ИМА оид ба рушди байналмилалӣ (USAID) барномаи дастгирии ҷомеаи шаҳрвандиро дар Осиёи Марказӣ расман оғоз намуд, ки онро Фонди Авруосиё амалӣ мегардонад (www.eurasia.org).

Ташаббуси панҷсола бо маблағи 18 миллион доллари амрикоӣ, бо мақсади рушди ҷомеаи фаъол ва масъули шаҳрвандӣ, тариқи дастгирии ҷавонони фаъол дар Осиёи Марказӣ роҳандозӣ мешавад.

Дар маросими муаррифии барнома беш аз 100 нафар намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ, васоити ахбори омма, ташкилотҳои ҷамъиятӣ, байналмилалӣ ва намояндагони сохторҳои давлатӣ  ширкат варзиданд.

Кордори муваққатии Сафорати ИМА – Ҷон Гинкел, Вакил, намояндаи кумитаи илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати ҷавонони Маҷлиси Намояндагон Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон – Ҷамшед Муртазоқулов ва сардори шӯъбаи омӯзиши масъалаҳои амнияти минтақавии Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон – Хуршед Додихудоев назари хешро оид ба ҷомеаи шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон иброз намуданд.

Барномаи дастгирии ҷомеаи шаҳрвандӣ дар Осиёи Марказӣ барои иштироки фаъолонаи ҷавонон дар масъалаҳои мубрами ҷомеа ва дарёфти роҳҳои ҳалли он мусоидат намуда, ба ташкилотҳои ҷамъиятӣ дар рушди институтсионалӣ ва ба даст овардани натиҷаҳои бардавому устувории молиявӣ, кӯмак хоҳад кард.

Дар доираи барнома “Академияи ҷавонони пешсафи Осиёи Марказӣ” таъсис дода шуда, дар он насли ҷавони минтақа аз синни 18 то 30 сола оид ба навгониҳои муосир барои беҳтар намудани сифати зиндагии ҷомеа ва ба роҳ мондани ҳамкориҳои судманд, омӯзиш хоҳанд гирифт.

Ҳамзамон, барнома омӯзиши фаъолони ҷамъиятиро барои ба роҳ мондани гуфтушуниди муфид бо сохторҳои давлатӣ ва бунёди ташкилотҳои шаҳрвандии ҷавобгӯ ба ниёзҳои ҷомеа, роҳандозӣ мекунад.

USAID – агентии пешбари рушди байналмилалӣ буда, ба ҳайси муҳаррик барои ноилшавӣ ба рушди босубот баромад мекунад.  USAID дар фаъолияти худ ба тақвияти амнияти миллӣ ва шукуфоии иқтисодии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико мусоидат мекунад, саховатмандии амрикоиро нишон медиҳад ва роҳи расидан ба худкифоятиро ташвиқ мекунадМаълумоти муффасал дар сомонаи: https://www.usaid.gov/central-asia-regional ва сафҳаи USAID дар Facebook:  https://www.facebook.com/USAIDCentralAsia

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.