Номзадии шахси маъюб ба вакилӣ дар маҷлиси яке аз ноҳияҳои пойтахт

Шахси маъюб Парвиз Бобошарифов ба сифати номзади худпешбаришуда барои курсии вакилӣ дар Маҷлиси ноҳияи Шоҳмансур талош меварзад. Номзадии ӯ аз ҷониби Иттиҳодияи миллии маъюбони Тоҷикистон дастгирӣ ёфтааст. “Ӯ ягона касест, ки мо – шахсони дорои маъюбиятро дар маҷлиси шаҳрӣ намояндагӣ мекунад, – мегӯяд раиси Иттиҳодия Асадулло Зикрихудоев. – Умедворем, ки овози мо ба воситаи ҳамин […]

Абдуллоҳ Ғурбатӣ, Мусои Бобоҳоҷӣ, Asia-Plus

Шахси маъюб Парвиз Бобошарифов ба сифати номзади худпешбаришуда барои курсии вакилӣ дар Маҷлиси ноҳияи Шоҳмансур талош меварзад. Номзадии ӯ аз ҷониби Иттиҳодияи миллии маъюбони Тоҷикистон дастгирӣ ёфтааст.

“Ӯ ягона касест, ки мо – шахсони дорои маъюбиятро дар маҷлиси шаҳрӣ намояндагӣ мекунад, – мегӯяд раиси Иттиҳодия Асадулло Зикрихудоев. – Умедворем, ки овози мо ба воситаи ҳамин вакил шунида мешавад. Ҳамчунин нишон доданием, ки Тоҷикистон давлати демократӣ ва ҳуқуқбунёд буда, шахсони маъюб ҳам ба иштирок дар интихобот ва қабули қарорҳо ҳуқуқ доранд”.

Дар барномаи номзад таъмин бо муҳити дастрас ва кумак ба ниёзмандон аз ҷониби давлат зикр шудааст.

“Тӯли чандин сол дар байни ҷомеа ҳастам. Ман дарду алами сокинони ноҳияи худро хубтар дарк мекунам, – мегӯяд Парвиз Бобошарифов. – Нисбат ба дигар номзадҳо ман ба чӣ муҳтоҷ будани мардумро медонам. Фикр мекунам, ки барои одамон нафъ хоҳам овард”.

Дар Тоҷикистон 150 ҳазор нафар маъюбон зиндагӣ дошта, дар маҷлисҳои шаҳр ва парлумон намоянда надоранд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.