COVID-19: Манъи вуруди шаҳрвандони 35 кишвар ба Тоҷикистон

Агентии авиатсияи граждании назди ҳукумати Тоҷикистон ба ширкатҳои ҳавопаймоии ватанӣ ва хориҷӣ, ҳамчунин ширкатҳои сайёҳӣ дар бораи иҷоза надодани сафар тариқи ҳавопаймо ба шаҳрвандони 35 кишвар огоҳинома фиристод. Ин қарор бо мақсади пешгирии паҳншавии имконпазири коронавирус дар ҷумҳурӣ ва таъмини солимиву бехатарии шаҳрвандони кишвар қабул шудааст. Дар рӯйхати кишварҳое, ки вуруди шаҳрвандонашон ба Тоҷикистон муваққатан […]

Меҳрангез Турсунзода, Asia-Plus

Агентии авиатсияи граждании назди ҳукумати Тоҷикистон ба ширкатҳои ҳавопаймоии ватанӣ ва хориҷӣ, ҳамчунин ширкатҳои сайёҳӣ дар бораи иҷоза надодани сафар тариқи ҳавопаймо ба шаҳрвандони 35 кишвар огоҳинома фиристод.

Ин қарор бо мақсади пешгирии паҳншавии имконпазири коронавирус дар ҷумҳурӣ ва таъмини солимиву бехатарии шаҳрвандони кишвар қабул шудааст.

Дар рӯйхати кишварҳое, ки вуруди шаҳрвандонашон ба Тоҷикистон муваққатан манъ аст, давлатҳои зерин зикр шудаанд: Чин, Ҷопон, Корея, Ветнам, Сингапур, Австралия, Малайзия, Камбоҷа, Филиппин, Тайланд, Непал, Шри-Ланка, Ҳиндустон, Финландия, Италия, Британия, Испания, Шветсия, Белгия, Исроил, Австрия, Хорватия, Шветсария, ИМА, Канада, Амороти Муттаҳидаи Араб, Миср, Эрон, Лубнон, Кувайт, Баҳрайн, Уммон, Афғонистон, Ироқ ва Алҷазоир.

Агентии авиатсияи гражданӣ дархост кардааст, ки агар шаҳрвандони ин кишварҳо ба Тоҷикистон аз кишвари худ мустақиман ё тариқи истифодаи хатсайри транзитӣ сафар карданӣ бошанд, муваққатан фурӯши чиптаи ҳавопаймоӣ ба онҳо амалӣ карда нашавад.

“Дар сурати чиптафурӯшӣ ва интиқоли шаҳрвандони кишварҳои мазкур ба фурудгоҳҳои байнулмилалии Тоҷикистон, онҳо бо хатсайри омадаашон бозпас гардонида мешаванд”, – иттилоъ доданд аз Агентӣ.

“Шаҳрвандони Тоҷикистон, ки аз ин кишварҳо ба ҷумҳурӣ меоянд, ба муҳлати ду ҳафта ба карантин гирифта мешаванд”, – изҳор дошт ба “Азия-Плюс” муовини сарвари Агентии авиатсияи граждании назди ҳукумати Тоҷикистон Азиз Набизода.

Мусофирони ҳамаи хатсайрҳо, ки ба Тоҷикистон парвоз мекунанд, барои санҷиши ҳарорат аз муоинаи тепловизор мегузаранд.

Ба гуфтаи Набизода, ширкатҳои ҳавопаймоӣ уҳдадоранд, ки пулҳои мусофирони қаблан билетхаридаро баргардонанд.

Дар ширкати Turkish Airlines қайд карданд, огоҳиномаи Агентиро ба ҳамаи фурудгоҳҳое, ки ширкат ба он ҷойҳо парвоз мекунад, фиристодаанд ва акнун ба шаҳрвандони кишварҳои мазкур, ки ба Тоҷикистон парвоз мекунанд, ба сафар иҷоза намедиҳанд.

Аммо масъалаи баргардонидани маблағи чиптаҳои харида ба хатсайрҳои Turkish Airlines то ҳол ҳалношуда боқӣ мемонад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.

Ду ҷудокори тоҷик дар садри радабандии ҷаҳонӣ қарор гирифтанд

Мавқеи паҳлавонони дигари тоҷик дар радабандии ҷаҳонии ҷудо.