Салом алайкум, Тоҷикистон! Анонс, як рӯзи таърих, вазъи обуҳаво

Date:

АНОНС

– Театри опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ ба операи «Алеко»-и С. Рахманинов даъват мекунад. Оғози намоиш – соати 17:00.

– Дар Боғи Рӯдакӣ ярмаркаи баҳории “Наврӯз Душанбе-2020” идома дорад, ки дар он маҳсули эҷоди ҳунармандон – туҳфаҳо пешкаш шуда, барои кӯдакон машғулиятҳои касбӣ гузаронида мешавад. Ярмарка аз соати 11:00 то 24:00 кор мекунад.

ҚУРБИ АСЪОР

Қурби асъор нисбат ба сомонӣ (асъори миллии Тоҷикистон), ки Бонки миллии ҷумҳурӣ муқаррар кардааст:

ИЗОБРАЖЕНИЕ

1 доллари ИМА – 9.6800 сомонӣ;

1 евро – 10.7632 сомонӣ;                     

1 рубли русӣ – 0.1465 сомонӣ.

ЯК РӮЗИ ТАЪРИХ

1959 – Анҷумани якуми журналистони Тоҷикистон баргузор шуд.

2014 – Дар Тоҷикистон пешниҳоди шаҳодатномаи ронандагии биометрӣ, ҳамчунин шаҳодатномаи бақайдгирии воситаҳои нақлиёти механикӣ шурӯъ шуд.

2015 – Дар Истанбул пешвои созмони фаъолияташ дар Тоҷикистон манъшудаи «Гурӯҳи 24» Умаралӣ Қувватов кушта шуд.

1913 – Зодрӯзи шоири ӯзбекзабони Тоҷикистон Аширмат Назаров.

1921 – Мавлуди коргардони кино ва наворбардор Муҳаммадқул Арабов.

1927 – Зодрӯзи олим-таърихшинос, академик Нӯъмон Неъматов.

1930 – Мавлуди олим-файласуф Ғаффор Ашӯров.

1930 – Зодрӯзи доктори улуми фалсафа, профессор Раҳим Маҷидов.

1940 – Мавлуди доктори улуми таърих Карим Қодиров.

РӮЙДОДҲОИ МУҲИМИ РӮЗ

Имрӯз дар Озарбойҷон Рӯзи тарбияи ҷисмонӣ ва дар Қирғизистон – Рӯзи кормандони низоми судӣ ҷашн гирифта мешавад.

Ҳамчунин дар Қирғизистон ҷашни Рӯзи Ак қалпоқ – кулоҳ (сарпӯш, тоқӣ)-и миллии қирғизҳо таҷлил мегардад.

ИЗОБРАЖЕНИЕ

Дар ин рӯз 50 сол пеш Шартнома дар бораи паҳн накардани аслиҳаи ҳастаӣ (ядроӣ) мавриди амал қарор гирифт. Давлатҳои Исроил, Ҳиндустон, Покистон, Кореяи Шимолӣ ва Судони Ҷанубӣ узви ин шартнома нестанд.

ИЗОБРАЖЕНИЕ

ОБУҲАВО

Дар вилояти Суғд — Ҳавои абрнок, дар водиҳо борон борида, дар ноҳияҳои кӯҳӣ боришот (борон, барф) ба амал омада, дар баъзе ноҳияҳо туман мефарояд. Шамол аз самти ғарб бо суръати 3-8, дар ноҳияҳои алоҳида бо шиддатнокии то 13-18м/с мевазад. Дар водиҳо шабона 1+6° гарм, рӯзона 4+9 гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 0-5° хунук, рӯзона 0+5° гарм мешавад.

Дар вилояти Хатлон — Ҳавои абрнок, дар водиҳо борон борида, дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ боришот (борон, барф) ба амал омада, дар баъзе ноҳияҳо туман мефарояд. Шамол аз самти ғарб бо суръати 3-8м/с мевазад. Дар водиҳо шабона 2+7° гарм, рӯзона 6+11° гарм, дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ шабона -1+4°, рӯзона 1+6° гарм мешавад.

Дар ВМКБ — Ҳавои абрнок, бе боришоти назаррас (0-0,5мм). Шамол аз самти ғарб бо суръати 3-8м/с мевазад. Дар ғарби вилоят шабона -4+1°, рӯзона 5+10° гарм, дар шарқи вилоят шабона 12-17° хунук, дар мавзеи Булункул 23-25 хунук, рӯзона -4+1° мешавад.

Дар НТМ — Ҳавои абрнок, дар водиҳо борон борида, дар ноҳияҳои кӯҳӣ боришот (борон, барф) ба амал омада, дар баъзе ноҳияҳо туман мефарояд. Шамол аз самти ғарб бо суръати 3-8м/с мевазад. Дар водиҳо шабона 2+7° гарм, рӯзона 4+9° гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ -3+2°, рӯзона 0-5° гарм мешавад.

Дар шаҳри Душанбе — Ҳавои абрнок, борони кӯтоҳмуддат меборад. Шамол аз самти ғарб бо суръати 2-7м/с мевазад. Шабона 4+6° гарм, рӯзона 6+8° гарм мешавад.

Дар шаҳри Хуҷанд — Ҳавои абрнок, борони кӯтоҳмуддат меборад. Шамол аз самти ғарб бо суръати 3-8, дар баъзе ҳолатҳо бо шиддатнокии то 13-18м/с мевазад. Шабона 3+5° гарм, рӯзона 5+7° гарм мешавад.

Дар шаҳри Бохтар — Ҳавои абрнок, борон меборад. Шамол аз самти ғарб бо суръати 2-7м/с мевазад. Шабона 4+6° гарм, рӯзона 8+10° гарм мешавад.     

Дар шаҳри Хоруғ — Ҳавои абрнок, бе боришоти назаррас (0-0,5мм). Шамол аз самти ғарб бо суръати 2-7м/с мевазад. Шабона 0-2° хунук, рӯзона 7+9° гарм мешавад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 45 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 26

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 25

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Умре дар хидмати қалам. Алӣ Бобоҷон, адиб ва рӯзноманигори тоҷик 90-сола шуд

Агар Алӣ Бобоҷон имрӯз зинда мебуд, 10-уми феврал 90-солагиашро...