Вазорати саноат: Корхонаҳои ордбарории Тоҷикистон талаботи дохилиро пурра қонеъ мекунанд

Иқтидори истеҳсолии корхонаҳои ордбарории ҷумҳурӣ талаботи бозори дохилиро пурра таъмин мекунанд. Тавре дар Вазорати саноат ва технологияҳои нави ҶТ қайд мекунанд, дар ҷумҳурӣ 47 корхонаи ордбарорӣ мавҷуд буда, онҳо дорои имкони истеҳсоли 1,9 миллион тонна орди гандум дар як сол мебошанд. Гуфта мешавад, ин иқтидор нисбат ба талаботи солонаи ҷумҳурӣ, ки 800,8 ҳазор тоннаро ташкил медиҳад 1,9 маротиба […]

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Иқтидори истеҳсолии корхонаҳои ордбарории ҷумҳурӣ талаботи бозори дохилиро пурра таъмин мекунанд.

Тавре дар Вазорати саноат ва технологияҳои нави ҶТ қайд мекунанд, дар ҷумҳурӣ 47 корхонаи ордбарорӣ мавҷуд буда, онҳо дорои имкони истеҳсоли 1,9 миллион тонна орди гандум дар як сол мебошанд.

Гуфта мешавад, ин иқтидор нисбат ба талаботи солонаи ҷумҳурӣ, ки 800,8 ҳазор тоннаро ташкил медиҳад 1,9 маротиба зиёд аст.

“Ҳар шабонарӯз дар корхонаҳои мазкур 1835 тонна орд истеҳсол мешавад”, – омадааст дар маълумоти Вазорат.

Зикр мегардад, ки корхонаҳои коркард бо гандум ва бозори дохилӣ бо орд асосан аз ҳисоби истеҳсоли дохилӣ таъмин шуда, қисми дигари он аз Қазоқистон ва Русия мунтазам дар ҳаҷми зарурӣ ворид мешавад.

Тибқи маълумоти Вазорат, давоми моҳҳои январ-феврали соли равон дар корхонаҳои ордбарории ватанӣ 110 ҳазор тонна орди гандумӣ истеҳсол шуда, дар баробари ин 14,6 ҳазор тонна аз хориҷи кишвар ворид карда шудааст.

Ба иттилои манбаъ, бо назардошти бақияи соли 2019 (47,1 ҳазор тонна) ҳаҷми орд дар бозор дар маҷмӯъ 171,7 ҳазор тоннаро ташкил медиҳад, ки нисбат ба талабот (133,5 ҳазор тонна) 126,7% зиёд мебошад.

Таъкид мешавад, ки соли 2019 талаботи бозори дохилӣ дар ҳаҷми беш аз 710 ҳазор тонна орд аз ҷониби корхонаҳои ватанӣ пурра таъмин гардида, боз зиёда аз 3,1 ҳазор тонна ин маҳсулот ба хориҷи кишвар содирот шудааст.

Қобили зикр аст, ки вобаста ба овозаҳо дар бораи коронавирус сокинони Тоҷикистон ба ташвишу таҳлука афтода, ба харидорӣ ва захираи миқдори зиёди маҳсулоти хӯрокворӣ оғоз карданд. Сабабашро аз худи онҳо пурсидем:

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Тақдими 100 ҳазор сомонӣ ба ҳар кадом аз ҷоизадори қаҳрамонии ҷудои Осиё

Онҳоро дар фурудгоҳи Душанбе ҳамчун қаҳрамон пешвоз гирифтанд.

Лоиҳаи “Зистан мехоҳам”: Беш аз 3,4 ҳазор зодаи Тоҷикистон дар артиши Русия алайҳи Украина меҷанганд

Як ниҳоди украинӣ гуфтааст, ки қариб 13 000 шаҳрванди давлатҳои Осиёи Марказӣ дар сафи артиши Русия дар Украина меҷанганд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 71

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 21 апрели соли 2026

Аз таъсиис Театри мусиқӣ-мазҳакавии шаҳри Кӯлоб то зодрӯзи Сурайё Қосимова ва даргузашти Бахтиёр Худойназаров

Музокироти сулҳи Эрону Амрико. Умеду навмедии сокинони Душанбе

Баъзе ба ин назаранд, ки дидору гуфтугӯҳои мақомдорони ду кишвар натиҷае нахоҳад дод.

Тоҷикистон ният дорад аз Қазоқистон то 1,3 млн тонна ғалла ворид кунад

Тоҷикистон ният дорад, ки аз ин кишвар то 1,3 млн тонна зироати ғалладона ворид намояд.

Имтиёз барои “мағзҳо”. Русия ба муҳоҷирон “корти сабз” пешниҳод кард

Акнун киҳо метавонанд бидуни имтиҳон ва навбат ҳуҷҷати иқомат гиранд?