Тадбирҳо баҳри ҷалби сармоягузорӣ ба иқтисоди Тоҷикистон

Ҳукумати Тоҷикистон ба Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии ҷумҳурӣ супориш дод, ки дар самти ҷалби сармоягузориҳои хориҷӣ, дар навбати аввал афзоиши сармоягузории мустақим тадбирҳо андешад. “Дар ҳамдастӣ бо Вазоратҳои молия, саноат ва технологияҳои нав, Бонки миллӣ ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ҷиҳати ҷалби сармояи хориҷӣ, бахусус, зиёд намудани сармояи мустақим ба соҳаҳои афзалиятноки […]

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Ҳукумати Тоҷикистон ба Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии ҷумҳурӣ супориш дод, ки дар самти ҷалби сармоягузориҳои хориҷӣ, дар навбати аввал афзоиши сармоягузории мустақим тадбирҳо андешад.

“Дар ҳамдастӣ бо Вазоратҳои молия, саноат ва технологияҳои нав, Бонки миллӣ ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ҷиҳати ҷалби сармояи хориҷӣ, бахусус, зиёд намудани сармояи мустақим ба соҳаҳои афзалиятноки иқтисодиёти кишвар тадбирҳои судманд андешида шавад”, – гуфта мешавад дар қарори ҳукумат, ки моҳи гузашта қабул шудааст.

Мувофиқи маълумоти расмӣ, соли 2019 ҳаҷми сармоягузорӣ ба иқтисоди Тоҷикистон 607,1 млн долларро ташкил дод, ки 345,9 млн доллараш сармоягузории мустақим ва 261,2 млн доллар – дигар сармоягузориҳо мебошанд.

Маблағи сармоягузориҳои мустақим асосан ба истихроҷи канданиҳои фоиданок (67% аз ҳаҷми умумии онҳо) равона гардиданд.

Ҳамчунин ба саноати коркард, соҳаҳои нақлиёту алоқа, сохтмон, бахши сайёҳӣ, фаъолияти молиявӣ ва дигар хизматрасониҳои тиҷоратӣ сармоягузории мустақими хориҷӣ сурат гирифт.

Дар ҳамин ҳол, наздики 76% сармяогузориҳои мустақим дар соли гузашта аз Чин ҷалб шуданд, ки ҳаҷми умумии онҳо 262,3 млн долларро ташкил дод. Ин маблағҳо ба рушди бахшҳои иктишофи геологӣ ва истихроҷ, сохтмон, хизматрасониҳои молиявӣ, нақлиёт ва алоқа равона шуданд.

Ҳамчунин сармоягузорон аз Русия (хизматрасониҳои молиявӣ, сохтмон ва алоқа), Британияи Кабир (иктишофи геологӣ ва истихроҷ, хизматрасониҳои молиявӣ), Туркия (саноати коркард, сохтмон, хизматрасониҳои молиявӣ) ва дигар кишварҳо дар ҳаҷмҳои начандон зиёд ба иқтисоди Тоҷикистон маблағгузорӣ карданд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Тақдими 100 ҳазор сомонӣ ба ҳар кадом аз ҷоизадори қаҳрамонии ҷудои Осиё

Онҳоро дар фурудгоҳи Душанбе ҳамчун қаҳрамон пешвоз гирифтанд.

Лоиҳаи “Зистан мехоҳам”: Беш аз 3,4 ҳазор зодаи Тоҷикистон дар артиши Русия алайҳи Украина меҷанганд

Як ниҳоди украинӣ гуфтааст, ки қариб 13 000 шаҳрванди давлатҳои Осиёи Марказӣ дар сафи артиши Русия дар Украина меҷанганд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 71

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 21 апрели соли 2026

Аз таъсиис Театри мусиқӣ-мазҳакавии шаҳри Кӯлоб то зодрӯзи Сурайё Қосимова ва даргузашти Бахтиёр Худойназаров

Музокироти сулҳи Эрону Амрико. Умеду навмедии сокинони Душанбе

Баъзе ба ин назаранд, ки дидору гуфтугӯҳои мақомдорони ду кишвар натиҷае нахоҳад дод.

Тоҷикистон ният дорад аз Қазоқистон то 1,3 млн тонна ғалла ворид кунад

Тоҷикистон ният дорад, ки аз ин кишвар то 1,3 млн тонна зироати ғалладона ворид намояд.

Имтиёз барои “мағзҳо”. Русия ба муҳоҷирон “корти сабз” пешниҳод кард

Акнун киҳо метавонанд бидуни имтиҳон ва навбат ҳуҷҷати иқомат гиранд?