Фестивал-озмуни ҷумҳуриявии “Андалеб-2020” баргузор мешавад

Аз моҳи март то августи соли ҷорӣ дар Тоҷикистон фестивал-озмуни ҷумҳуриявии телевизионии эҷодиёти халқ “Андалеб-2020” дар се давр гузаронида мешавад. Даври аввали он 10-уми март дар ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти кишвар оғоз шуда, то 10-уми майи соли ҷорӣ давом меёбад, хабар медиҳад маркази матбуоти вазорати фарҳанги Тоҷикистон. Даври дуюм моҳи июн дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои […]

Мусои Бобоҳоҷӣ, Asia-Plus

Аз моҳи март то августи соли ҷорӣ дар Тоҷикистон фестивал-озмуни ҷумҳуриявии телевизионии эҷодиёти халқ “Андалеб-2020” дар се давр гузаронида мешавад.

Даври аввали он 10-уми март дар ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти кишвар оғоз шуда, то 10-уми майи соли ҷорӣ давом меёбад, хабар медиҳад маркази матбуоти вазорати фарҳанги Тоҷикистон.

Даври дуюм моҳи июн дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғду Хатлон, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ сурат мепазирад.

Даври ниҳоӣ ва гулчини фестивал-озмун аз 1 то 9 август бо иштироки 14 дастаи ҳунарии шаҳру ноҳияҳои ғолиб дар толори Муассисаи давлатии “Филармонияи давлатии Тоҷикистон ба номи Акашариф Ҷӯраев”-и шаҳри Душанбе доир мегардад.

Созмондиҳандагони озмун вазорати фарҳанги кишвар якҷо бо кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати ҶТ мебошанд.

Зикр шудааст, ки дастаҳои ҳунарӣ дар интихоби мавзӯъ ва ҳунарнамоӣ соҳибихтиёр мебошанд. Вале мақсаду меҳвари асосии фестивал-озмун ва мавзӯи марказии ҳар бахши ҳунарӣ бояд марбут ба истиқлолияти ҷумҳурӣ, меҳру муҳаббат нисбат ба Ватан, инъикоси рӯҳияи хештаншиносӣ, ватандорӣ, ифтихори миллӣ, тарғиби арзишҳо ва мероси пурғановати фарҳанги миллӣ, тарғиби ҳунарҳои мардумӣ, ваҳдату ягонагӣ, дӯстии халқҳои сарзамини Тоҷикистон бошад.

“Андалеб” падидаи солҳои навадуми қарни ХХ буда, аз он давра то кунун дар тарбияи истеъдодҳо нақши муассир мегузорад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.

Ду ҷудокори тоҷик дар садри радабандии ҷаҳонӣ қарор гирифтанд

Мавқеи паҳлавонони дигари тоҷик дар радабандии ҷаҳонии ҷудо.