Рустами Эмомалӣ ба муайян кардани оилаи беҳтарин дастур дод

Бо қарори раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар пойтахт озмунҳои шаҳрии «Оилаи беҳтарин», «Маҳаллаи беҳтарин» ва «Кӯчаи беҳтарин» гузаронида мешавад. Тавре дафтари матбуоти шаҳрдории Душанбе хабар медиҳад, комиссияи озмун иборат аз намояндагони шаҳрдорӣ, вакилони маҷлиси шаҳр натиҷаи озмунҳоро бо назардошти номзадҳои аз тарафи комиссияҳои ноҳиявӣ пешниҳодшуда то 1-уми сентябри ҳар сол ҷамъбаст мекунад. Тибқи шартҳои […]

Аваз Юлдошев, Asia-Plus

Бо қарори раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар пойтахт озмунҳои шаҳрии «Оилаи беҳтарин», «Маҳаллаи беҳтарин» ва «Кӯчаи беҳтарин» гузаронида мешавад.

Тавре дафтари матбуоти шаҳрдории Душанбе хабар медиҳад, комиссияи озмун иборат аз намояндагони шаҳрдорӣ, вакилони маҷлиси шаҳр натиҷаи озмунҳоро бо назардошти номзадҳои аз тарафи комиссияҳои ноҳиявӣ пешниҳодшуда то 1-уми сентябри ҳар сол ҷамъбаст мекунад.

Тибқи шартҳои озмун комиссия дар оилаҳо шароити таҳсилу тарбияи кӯдакон, нигоҳубини шахсони пиронсол, иштироки аҳли оила дар ҳаёти ҷамъиятӣ, ҳамчунин сатҳи ободии маҳаллаву кӯча, риояи қонуният дар сохтмони зербино дар он ҷойҳо, фаъолнокии сокинон дар корҳои ҷамъиятӣ ва дигар масъалаҳоро месанҷад.

Ба ғолибони озмун дар ҳар кадоме аз бахшҳо ифтихорнома ва ба маблағи 6 ҳазор сомонӣ мукофотпулӣ тақдим мешавад. Зинаҳои дуюму сеюми бахшҳои озмун ҳар кадоме мутаносибан бо 4 ва 2 ҳазор сомонӣ мукофотпулӣ қадрдонӣ мешаванд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.

Ду ҷудокори тоҷик дар садри радабандии ҷаҳонӣ қарор гирифтанд

Мавқеи паҳлавонони дигари тоҷик дар радабандии ҷаҳонии ҷудо.