БМТ ба коҳиш додани қурби рубл нисбат ба сомонӣ идома медиҳад

Дар партави коҳиши нархи нафт ва пастшавии назарраси қурби асъори Русия дар Тоҷикистон беқурбшавии рубл ва гароншавии начандон зиёди доллар идома дорад. Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) қурби сомониро нисбат ба рубл имрӯз, 17-уми март дар сатҳи 0.1295 сомонӣ (барои 1 рубл) ва долларро – 9.7282 сомонӣ (барои 1 доллари ИМА) муқаррар кардааст. Ба ин тариқ, тайи ҳафтаи […]

Дар партави коҳиши нархи нафт ва пастшавии назарраси қурби асъори Русия дар Тоҷикистон беқурбшавии рубл ва гароншавии начандон зиёди доллар идома дорад.

Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) қурби сомониро нисбат ба рубл имрӯз, 17-уми март дар сатҳи 0.1295 сомонӣ (барои 1 рубл) ва долларро – 9.7282 сомонӣ (барои 1 доллари ИМА) муқаррар кардааст.

Ба ин тариқ, тайи ҳафтаи охир қурби расмии рубл дар ҷумҳурӣ ба андозаи 8,3% ва доллар – 0,5% тағйир ёфт.

Дар марказҳои бонкии мубодилаи асъори Тоҷикистон қурби рубли нақд рӯзи душанбе ба андозаи беш аз 10% – аз 145 сомонӣ то 130 сомонӣ поин рафт.

Дар ҳамин ҳол, қурби мубодилаи нақди доллар қариб бетағйир боқӣ мемонад – 9,72 сомонӣ (харид) ва 9,74 сомонӣ (фурӯш) барои 1 доллар.

Ёдрас мекунем, ки рӯзи 6-уми март дар ОПЕК+ (Созмони кишварҳои содиркунандаи нафт) созиш ҳосил нашуда, аллакай рӯзи 9-уми март арзиши нафти тамғаи Brent 30% поин рафт ва то 31,02 доллар барои 1 баррел расид. Айни замон арзиши баррели нафти  Brent 31,8 доллар ва нафти тамғаи WTI – 30,77 долларро ташкил медиҳад.

Арзиши рубли Русия дар бозори байнулмилалии асъор то нишондиҳандаи пасттарин аз соли 2016 – 74,13 рубл барои 1 доллар коҳиш ёфт.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Даҳҳо дарахт шикаста, хонаҳо зарар диданд. Хисороти офати табиии ду рӯзи гузашта дар Тоҷикистон

Дар натиҷаи омадани сел як мошинро дарёи Кофарниҳон бурдааст ва 5 мошини дигар зери лой мондаанд.

Омӯзиши хати форсӣ дар Тоҷикистон. Эмомалӣ Раҳмон ба ҳукумат дастур дод, ки сифати таълими алифбои ниёгон беҳтар карда шавад

Ӯ гуфтааст, ин кор "дар доираи омӯзиш ва тарғибу ташвиқи таъриху фарҳанги ориёӣ" анҷом шавад.

Қироншоҳ Шарифзода: “Азия-Плюс” намунаи миллатдӯстӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлатдорӣ аст!

Ин муҳаққиқи шинохта ба он назар аст, ки бо ташкили бахши тоҷикӣ нуфузи “Азия-Плюс” дучанд шуд.

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.