Тамринҳои муштараки низомии Тоҷикистону Ӯзбекистон анҷом ёфт

Тамринҳои муштараки зиддитеррористии Қувваҳои мусаллаҳи Тоҷикистону Ӯзбекистон “Иттиҳод-2020” муваффақона анҷом пазируфт. Ин тамринҳо 11-14 март дар машқгоҳи ҳарбии “Фахробод” гузаронида шуданд. Тавре маркази матбуоти Вазорати мудофиаи Ӯзбекистон хабар медиҳад, дар тамринҳо намояндагони воҳидҳои амалиёти махсуси Қувваҳои мусаллаҳи Ӯзбекистон ва воҳидҳои гуногуни Вазорати мудофиаи Тоҷикистон иштирок карданд. Ҷараёни баргузории тамринҳоро вазирони мудофиаи Тоҷикистону Ӯзбекистон Шералӣ Мирзо […]

Тамринҳои муштараки зиддитеррористии Қувваҳои мусаллаҳи Тоҷикистону Ӯзбекистон “Иттиҳод-2020” муваффақона анҷом пазируфт. Ин тамринҳо 11-14 март дар машқгоҳи ҳарбии “Фахробод” гузаронида шуданд.

Тавре маркази матбуоти Вазорати мудофиаи Ӯзбекистон хабар медиҳад, дар тамринҳо намояндагони воҳидҳои амалиёти махсуси Қувваҳои мусаллаҳи Ӯзбекистон ва воҳидҳои гуногуни Вазорати мудофиаи Тоҷикистон иштирок карданд.

Ҷараёни баргузории тамринҳоро вазирони мудофиаи Тоҷикистону Ӯзбекистон Шералӣ Мирзо ва Баҳодур Қурбонов мушоҳида карданд.

Дар тамринҳои муштараки низомиёни Тоҷикистону Ӯзбекистон амалиёти намояндагони артиши ҳар ду кишвар оид ба иҳота ва маҳви террористони шартӣ, ки дар қитъаи пайвастшавии сарҳади Тоҷикистону Ӯзбекистон марзро убур кардаанд, мавриди санҷишу такмил қарор гирифт.

Дар анҷоми тамринҳо ба низомиёни ҳар ду кишвар аз номи вазирони мудофиаи Тоҷикистону Ӯзбекистон туҳфаҳои арзишманд тақдим шуданд. Вазирони мудофиаи кишварҳо таъкид доштанд, ки баргузории чунин тамринҳо ба баланд бардоштани иқтидори ҷангии артишҳо мусоидат мекунад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.