Маҳмадтоир Зокирзода раиси Маҷлиси намояндагон интихоб шуд

Имрӯз дар Душанбе ҳайати нави 1-уми март интихобшудаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон ба кор шурӯъ кард. Дар кори иҷлосияи аввал ба ҷуз 63 вакил, ҳамчунин раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҳузур дошт. Намояндагони Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон, ки аксари кулли вакилони палатаи поёнии парлумонро ташкил медиҳанд, ба вазифаи раиси парлумон номзадии Маҳмадтоир Зокирзодаро пешниҳод карданд. Тариқи […]

Имрӯз дар Душанбе ҳайати нави 1-уми март интихобшудаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон ба кор шурӯъ кард.

Дар кори иҷлосияи аввал ба ҷуз 63 вакил, ҳамчунин раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҳузур дошт.

Намояндагони Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон, ки аксари кулли вакилони палатаи поёнии парлумонро ташкил медиҳанд, ба вазифаи раиси парлумон номзадии Маҳмадтоир Зокирзодаро пешниҳод карданд. Тариқи овоздиҳии пинҳонӣ ӯ раиси нави Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон интихоб шуд.

Раиси нави парлумон зимни суханронӣ ба ҳамтоёни худ итминон дод, тамоми неру ва имкон, донишу таҷрибаашро ба рушди Тоҷикистон ва ҳифзи сулҳу некӯаҳволии мардум равона мекунад.

Бо пешниҳоди раиси нави парлумон вакилони мардумӣ 3 муовини ӯро интихоб карданд.

Собиқ котиби Шӯрои амнияти Тоҷикистон Маҳмадалӣ Ватанзода муовини аввал, собиқ раиси Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон Қодири Қосим ва вакили даъвати пешинаи палатаи поёнии парлумон Дилрабо Мансурӣ муовинони ӯ интихоб шуданд.

Маълумотномаи “Азия-Плюс”

Маҳмадтоир Зокирзода 24-уми июли соли 1956 дар ноҳияи Рашт ба дунё омадааст. Донишкадаи кишоварзии Селиноградро бо ихтисоси муҳандис-заминсоз хатм кардааст.

Фаъолияти меҳнатиашро сли 1985 ба ҳайси муҳандис-заминсоз дар пажӯҳишгоҳи лоиҳакашии “Тоҷикгипрозем” оғоз кардааст. Тӯли солҳои гуногун дар Шӯрои вазирони Тоҷикистон, Дастгоҳи иҷроияи Президенти ҶТ ва ба ҳайси раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда фаъолият дошт.

Дар вазифаҳои директори Агентии заминсозӣ, геодезӣ ва харитасозии назди Ҳукумати ҶТ (соли 2008), раиси Кумитаи давлатии заминсозӣ ва геодезии ҶТ (соли 2010) ва вазири кишоварзии ҶТ (солҳои 2015-2016) низ кор кардааст. Аз моҳи марти соли 2016 то марти соли 2020 муовини сарвазири Тоҷикистон буд.

Оиладор, соҳиби 2 фарзанд мебошад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.