Дар Суғд бахшида ба Наврӯз пойга ва бузкашӣ карданиянд

Бахшида ба ҷашни Наврӯз дар ипподроми Ҷамъияти саҳҳомии ба номи Абдураҳим Ҷумъаеви ноҳияи Бобоҷон Ғафуров рӯзи 28-уми март мусобиқаҳои миллии “Пойга” ва “Бузкашӣ” гузаронида мешавад. Тибқи иттилои хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд, ин мусобиқаҳо бо мақсади тарғиби расму оинҳои миллӣ, равнақ додани анъанаҳои миллии бузкашӣ ва аспдавонӣ ташкил шуда, сокинон ва дӯстдорони ин навъи варзиш […]

Бахшида ба ҷашни Наврӯз дар ипподроми Ҷамъияти саҳҳомии ба номи Абдураҳим Ҷумъаеви ноҳияи Бобоҷон Ғафуров рӯзи 28-уми март мусобиқаҳои миллии “Пойга” ва “Бузкашӣ” гузаронида мешавад.

Тибқи иттилои хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд, ин мусобиқаҳо бо мақсади тарғиби расму оинҳои миллӣ, равнақ додани анъанаҳои миллии бузкашӣ ва аспдавонӣ ташкил шуда, сокинон ва дӯстдорони ин навъи варзиш метавонанд дар онҳо ширкат варзанд.

Иштирокчиёни фаъол ва ғолибони мусобиқаҳо бо туҳфаҳои хотиравӣ қадршиносӣ мешаванд.

Ёдрас мекунем, Наврӯзи ҷумҳуриявии имсола дар назар аст, бо иштироки президенти Тоҷикистон ва ҳудуди 25 ҳазор меҳмону тамошобин аз дохилу хориҷи кишвар, ҳамчунин бо ҷалби зиёда аз 10 ҳазор хонандаю донишҷӯ дар шаҳри Хуҷанд баргузор шавад.

Барои омодагӣ ба ин маросим дар варзишгоҳи ба номи 20-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд “маршировка”-и хонандагону донишҷӯён ҳамарӯза ҷараён дорад.

Ин дар ҳолест, ки қаблан масъулини якчанд мақомоти давлатӣ эълом доштанд, барои пешгирии сирояти коронавирус чорабиниҳои оммавӣ қатъ карда мешаванд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.