Ҳушдори КҲФ аз хатари лағзиши тарма ва резиши санг

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди ҳукумати Тоҷикистон бо истинод ба маълумоти Агентии обуҳавошиносии кишвар аз хатари фаромандани тарма ва резиши санг дар минтақаҳои гуногуни ҷумҳурӣ огоҳ мекунад. Бино ба иттилои дафтари матбуоти Кумита, дар натиҷаи ҳавои тағйирёбанда ва коҳиши ҳарорати ҳаво дар ноҳияҳои кӯҳии тобеъи марказ, қисмати ҷанубии қаторкӯҳҳои Ҳисор, роҳҳои мошингарди Душанбе-Хуҷанд, Душанбе-Лахш, Душанбе-Рашт, […]

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди ҳукумати Тоҷикистон бо истинод ба маълумоти Агентии обуҳавошиносии кишвар аз хатари фаромандани тарма ва резиши санг дар минтақаҳои гуногуни ҷумҳурӣ огоҳ мекунад.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти Кумита, дар натиҷаи ҳавои тағйирёбанда ва коҳиши ҳарорати ҳаво дар ноҳияҳои кӯҳии тобеъи марказ, қисмати ҷанубии қаторкӯҳҳои Ҳисор, роҳҳои мошингарди Душанбе-Хуҷанд, Душанбе-Лахш, Душанбе-Рашт, Душанбе-Сангвор, Душанбе-Хоруғ, Ванҷ-Хоруғ, Рӯшон-Хоруғ, Хоруғ-Ишкошим, Хоруғ-Мурғоб хатари лағзиши тарма ва резиши санг боқӣ мемонад.

“Дар ҳамин иртибот Кумита бори дигар бо эҳтиром аз аҳолӣ хоҳиш мекунад аз сафарҳои безарурат, сайру саёҳат ба минтақаҳои хатарнок ва ғунучини ҳезум, алафҳои дорувор ва шикор худдорӣ кунанд, – омадааст дар огоҳӣ. – Ронандагон бояд ҳангоми ҳаракат дар роҳҳои кӯҳӣ ва ё минтақаҳои тармарез фасилаи муайяншуда байни мошинҳоро риоя намоянд. Хеле эҳтиёткор бошед ва мошини худро дар ин гуна роҳҳо оҳиста ронед”.

КҲФ аз аҳолии манотиқи наздикӯҳӣ ва кӯҳӣ аз назар гузаронидани бомҳои хонаҳояшонро дархост карда, ба соҳибони биноҳои якошёна тавсия додаааст, ки сари вақт бомҳои худро аз ғарами барф тоза кунанд ва онро бехатар гардонанд.

“Падару модарони муҳтарам! Бахусус, онҳое, ки дар минтақаҳои тармазо ҳаёт ба сар мебаранд. Кӯшиш кунед, бачаҳои худро беназорат нагузоред. Агар онҳоро ба мактаб ва ё бозӣ танҳо мефиристед, аввал аз хатари эҳтимолии лағзиши тарма ва резиши санг огоҳ созед, ҳамроҳашон дар атрофи ин мавзӯъ бештар суҳбат кунед, то эҳтиёткору дурандеш бошанд. Ҳаёти худ ва атрофиёнро дар хатар наандозед”, – муроҷиат кардааст Кумита.

Зимнан аз шаҳрвандон дархост шудааст, ки агар шоҳиди ҳодисаҳои фавқулода шаванд, метавонанд ба хадамоти наҷоти КҲФ бо телефонҳои зерин муроҷиат кунанд: 112; 223 13 11; 221 91 19 ва 93 880 28 19.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.