Ривоҷи савдо бо Чин сарфи назар аз коронавирус

Сарфи назар аз баста шудани сарҳади байни Тоҷикистону Чин, ҳаҷми муомилоти мол байни кишварҳо тӯли 2 моҳ беш аз сеяк андоза афзуд. Давоми моҳҳои январ-феврали соли ҷорӣ ҳаҷми савдои дуҷонибаи Тоҷикистону Чин беш аз 107 млн долларро ташкил дод, ки 35% зиёдтар нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта аст. Беш аз 90% аз ҳаҷми умумии савдо […]

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Сарфи назар аз баста шудани сарҳади байни Тоҷикистону Чин, ҳаҷми муомилоти мол байни кишварҳо тӯли 2 моҳ беш аз сеяк андоза афзуд.

Давоми моҳҳои январ-феврали соли ҷорӣ ҳаҷми савдои дуҷонибаи Тоҷикистону Чин беш аз 107 млн долларро ташкил дод, ки 35% зиёдтар нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта аст.

Беш аз 90% аз ҳаҷми умумии савдо дар ин давра ба воридоти молу маҳсулот аз Чин ба Тоҷикистон рост меояд.

Даҳаи охири моҳи январи соли ҷорӣ Вазорати нақлиёти Тоҷикистон дар бораи баста шудани роҳи заминӣ бо Чин бинобар сабаби хуруҷи коронавирус дар кишвари ҳамсоя хабар дод. Зикр гардида буд, ки ин иқдом аз ҷониби ҳукумати Чин пазируфта шудааст.

Вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон қаблан изҳор дошта буд, ки молу маҳсулот аз Чин ба Тоҷикистон тариқи бандарҳои баҳрӣ аз кишварҳои сеюм ворид карда мешавад.

Тибқи баъзе маълумоти расман тасдиқнашуда, ба гузаштани мошинҳо бо маҳсулот аз ягона гузаргоҳи “Кулма” байни сарҳади Тоҷикистону Чин то ҳол иҷоза дода мешавад.

Маълумоти мазкур бо хабари Хадамоти Бунёди Оғо Хон оид ба тандурустӣ (AKHS) дар бораи ба ин гузаргоҳ фиристодани табибон ва таҷҳизоти зарурӣ ҷиҳати азназаргузаронии шахсоне, ки сарҳадро убур мекунанд, тасдиқ мешавад.

Тӯли моҳҳои январ-феварали соли равон ҳаҷми савдои хориҷии Тоҷикистон дар умум 14,% афзуда, то 700 млн доллар расидааст.

Содироти мол ба андозаи 11,7% афзуда, ба 143 млн доллар ва воридот 15,6% зиёд шуда, 556 млн долларро ташкил додааст.

Ба ҷуз Чин, Русия ($172 млн) ва Қазоқистон ($164 млн) шарикони асосии тиҷоратии Тоҷикистон боқӣ мемонанд. Ҳаҷми савдо бо Русия дар ин давра ба андозаи 11% ва Қазоқистон – 30% афзудааст.

Ҳаҷми гардиши молу маҳсулот бо Эрон қариб аз нисф кам шуда, давоми 2 моҳ ҳамагӣ 6,4 млн долларро ташкил дод. Ҳаҷми савдо бо Туркманистон аз 1 млн доллар поин рафт.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.