Таҷлили Наврӯз дар Данғара бо ҳузури меҳмонон аз 17 кишвар

Ҷашнгирии Наврӯзи имсола дар навбати аввал аз ноҳияи Данғара оғоз ёфт. Дар он ҷо фестивали фарҳангии донишҷӯёни хориҷӣ таҳти унвони “Дӯстии ҷавонони ҷаҳон поянда бод!” баргузор шуд. Намояндагони 17 кишвари ҷаҳон – Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Афғонистон, Ҳиндустон, Чин, Фаронса, Ҷопон ва ғайра аз ноҳияи Данғара боздид карданд. Ҳамаи онҳо дар Тоҷикистон кору таҳсил мекунанд. Меҳмононро бо […]

Баҳриддин Давлатов, Парвиз Турсунзода, Asia-Plus

Ҷашнгирии Наврӯзи имсола дар навбати аввал аз ноҳияи Данғара оғоз ёфт. Дар он ҷо фестивали фарҳангии донишҷӯёни хориҷӣ таҳти унвони “Дӯстии ҷавонони ҷаҳон поянда бод!” баргузор шуд.

Намояндагони 17 кишвари ҷаҳон – Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Афғонистон, Ҳиндустон, Чин, Фаронса, Ҷопон ва ғайра аз ноҳияи Данғара боздид карданд. Ҳамаи онҳо дар Тоҷикистон кору таҳсил мекунанд.

Меҳмононро бо нону асал пешвоз гирифта, анъанаҳои миллӣ, расму оинҳои наврӯзӣ ва ҳунарҳои мардумиро намоиш доданд.

Дар идомаи сафар меҳмонон аз осорхонаи раисҷумҳур боздид карданд ва пушти мизи мактабии ӯ нишаставу акс бардоштанд.

Сипас дар варзишгоҳи марказии ноҳия консерт бо иштироки ситораҳои тоҷик доир гардид.

Нимаи дуюми рӯзи 17-уми март дар Қасри фарҳанг донишҷӯёни хориҷӣ суруду рақсҳои мамолики худро намоиш доданд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Ду ҷудокори тоҷик дар садри радабандии ҷаҳонӣ қарор гирифтанд

Пас аз мусобиқаи силсилаи “Тоскулоҳи бузург” дар Душанбе, дар радабандии ҷаҳонии IJF ду натиҷаи таърихӣ барои Тоҷикистон сабт шуд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 8 майи соли 2026

Аз таъсиси Конфедератсияи футболи Осиё то Рӯзи ҷаҳонии Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар.

Раъду барқ дар кӯҳҳо. Чӣ гуна сайругашти маъмулии се хонанда аз шаҳри Турсунзода бо фоҷеа анҷомид?

"Азия-Плюс" ба хонаи қурбониёни ин фоҷеа рафт ва бо наздикони онҳо суҳбат кард.

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст