Вазорати тандурустӣ пешгирии вуруди коронавирусро тақвият мебахшад

Тоҷикистон яке аз 13 кишварест, ки дар онҳо то имрӯз сирояти коронавируси COVID-19 ба қайд гирифта нашудааст. Дар ин бора муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҶТ Шодихон Ҷамшед имрӯз, 1-уми апрел зимни суҳбати “мизи гирд” дар Душанбе изҳор дошт. “Имрӯз коронавирус зиёда аз 200 кишвари аъзои Созмони Милали Муттаҳидро фаро гирифтааст. Паҳншавии он […]

Манзума Фирӯз, Asia-Plus

Тоҷикистон яке аз 13 кишварест, ки дар онҳо то имрӯз сирояти коронавируси COVID-19 ба қайд гирифта нашудааст. Дар ин бора муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҶТ Шодихон Ҷамшед имрӯз, 1-уми апрел зимни суҳбати “мизи гирд” дар Душанбе изҳор дошт.

“Имрӯз коронавирус зиёда аз 200 кишвари аъзои Созмони Милали Муттаҳидро фаро гирифтааст. Паҳншавии он новобаста ба сатҳи иқтисодиву молиявии мамлакатҳо баръало нишон дод, ки чӣ қадар пайомадҳои бузурги иқтисодӣ, маънавӣ ва тандурустиро дар кишварҳои пешрафтаи дунё, аз ҷумла, Амрико ва Иттиҳоди Аврупо ба вуҷуд овардааст. Дар ин замина мо бояд ҷиҳати ворид нашудани коронавирус ба мамлакат чораҳои пешгирикунандаро боз ҳам пурзӯр намоем”, – гуфт Шодихон Ҷамшед.

Муовини вазир ёдовар шуд, ки ҷиҳати пешгирии интиқол ва пайдоиши сирояти коронавирус дар Тоҷикистон ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пурзӯр кардани чораҳои зиддиэпидемикӣ таъсис дода шуд ва ситоди дохилиидоравӣ таҳти роҳбарии вазир Насим Олимзода фаъол аст.

“Мақсади мо аз он иборат аст, ки тарзи дурусти вокуниши воситаҳои ахбори оммаро дар масъалаи возеҳ ва равшан ба аҳолӣ расонидани иттилооти дарпешистода таъмин намоем”, – афзуд ӯ.

Тибқи иттилои Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҶТ, аз 1-уми феврал то 31-уми марти соли равон 6222 нафар шаҳрвандоне, ки аз кишварҳои хориҷ ба Тоҷикистон ворид шуданд, ба карантин фаро гирифта шуданд. Аз ин шумора то санаи мазкур 2145 нафари онҳо ба хонаҳояшон рухсат дода шуда, айни ҳол 4077 кас дар беморхонаҳои сироятии мамлакат дар карантин қарор доранд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.