Боздошти гурӯҳи нашъаҷаллоби фаромиллӣ бо 70 кг мухаддирот

Кормандони милитсия шаҳри Душанбе як гурӯҳи 7-нафараи нашъаҷаллобро дастгир ва аз онҳо беш аз 70 кило мухаддирот дарёфту мусодира карданд. Бино ба иттилои Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе, роҳбари ин гурӯҳ Муқим Қурбонов, сокини шаҳри Норак мебошад, ки дар байни гурӯҳҳои нашъаҷалоб бо тахаллусҳои «Муқимча» ва «Бачаи кампир» маъруф аст. Номбурда қаблан ду маротиба бо ҷурми […]

Кормандони милитсия шаҳри Душанбе як гурӯҳи 7-нафараи нашъаҷаллобро дастгир ва аз онҳо беш аз 70 кило мухаддирот дарёфту мусодира карданд.

Бино ба иттилои Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе, роҳбари ин гурӯҳ Муқим Қурбонов, сокини шаҳри Норак мебошад, ки дар байни гурӯҳҳои нашъаҷалоб бо тахаллусҳои «Муқимча» ва «Бачаи кампир» маъруф аст. Номбурда қаблан ду маротиба бо ҷурми нашъаҷаллобӣ дар Федератсияи Русия зиндонӣ шудааст.

“Зимни пешбурди чорабиниҳои оперативӣ-тафтишотӣ аз манзили истиқоматии ӯ воқеъ дар шаҳри Норак 13 кг 542 гр. воситаҳои нашъадори навъи “Ҳашиш”, 221 гр “Афюн” ва таблеткаҳои психотропии навъи “МДМА-экстазӣ” дарёфту мусодира гардид”, – омадааст дар хабар.

Дар идомаи амалиёти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ дар ҳудуди пойтахт аъзои дигари ин гурӯҳи муташаккили нашъаҷаллоби фаромиллӣ Шамсуддин Салимдодов, Сироҷ Назиров, Руҳангез Назиров, Зоир Латифов, Ҳикматулло Боронов ва Доваршо Қаландаров боздошт шуданд. Аз ҳар кадоми онҳо воистаҳои гуногуни нашъадор дар ҳаҷми махсусан калон дарёфту мусодира карда шудааст.

Гурӯҳ хариду фурӯши маводи нашъадорро тавассути шабакаҳои иҷтимоии “Вотсап”, “Имо” ва “Вайбер” ба роҳ монданд. Онҳо ба муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъадор дар дохил ва хориҷи кишвар машғул буданд.

Дар асоси маводи тафтишотӣ маълум шудааст, ки гурӯҳ бори охир 55 кило воситаи нашъадори сахттаъсири навъи “Ҳероин”-ро 10-уми октябри соли 2019 ба яке аз кишварҳои ИДМ интиқол додааст.

Айни замон нисбат ба аъзои ин гурӯҳ тибқи талаботи моддаи 200 қисми 4-и Қодекси ҷиноятии ҶТ (Муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъадор ё моддаҳои психотропӣ бо мақсади ба соҳибияти каси дигар додан) парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, онҳо дар ҳабси пешакӣ қарор доранд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.