Истеҳсоли хилъатҳои махсуси муҳофизатии тиббӣ дар Тоҷикистон

Беш аз 15 корхонаи Тоҷикистон ба истеҳсоли ниқобҳои тиббӣ ва дигар намудҳои либосу ашёи муҳофизатӣ шурӯъ кардаанд.  Бо мақсади пешгирии паҳншавии коронавирус аз ҷониби корхонаҳои дӯзандагии мамлакат, аз қабили ҶДММ «Сифат Саноат», ҶСК «Гулистони Душанбе», ҶДММ «ИИ Нассоҷии Тоҷик», ҶДММ «Тоҷтекс», ҶДММ «Ноҳид», ҶДММ «Нассоҷи Хуҷанд», ҶДММ «Ҷавонӣ», ҶДММ «САТН», ҶДММ «Фарм Суғд», КВД «Нури Ховар», […]

Манзума Фирӯз, Asia-Plus

Беш аз 15 корхонаи Тоҷикистон ба истеҳсоли ниқобҳои тиббӣ ва дигар намудҳои либосу ашёи муҳофизатӣ шурӯъ кардаанд. 

Бо мақсади пешгирии паҳншавии коронавирус аз ҷониби корхонаҳои дӯзандагии мамлакат, аз қабили ҶДММ «Сифат Саноат», ҶСК «Гулистони Душанбе», ҶДММ «ИИ Нассоҷии Тоҷик», ҶДММ «Тоҷтекс», ҶДММ «Ноҳид», ҶДММ «Нассоҷи Хуҷанд», ҶДММ «Ҷавонӣ», ҶДММ «САТН», ҶДММ «Фарм Суғд», КВД «Нури Ховар», ҶДММ «Кооператор», ҶДММ «Фармтекс», ҶДММ «КоТа Глобал» ва дигарон истеҳсоли ниқобҳои тиббӣ ба роҳ монда шудааст.

Бино ба иттилои Вазорати саноати Тоҷикистон, иқтидори истеҳсоли ниқобҳои тиббӣ дар корхонаҳои мазкур дар як рӯз зиёда аз 150 ҳазор донаро ташкил дода, тибқи таҳлилҳо ҳамарӯза дар ҳудуди 45 – 50 ҳазор дона истеҳсол ва ба фурӯш бароварда мешаванд.

Ғайр аз ин, дар баробари истеҳсоли дигар намуди маҳсулоти дӯзандагӣ дар ҶДММ «ИИ Нассоҷии Тоҷик», ҶДММ «Нассоҷи Хуҷанд» истеҳсоли рахти хоб, ҷойпӯшҳо ва либосҳои беморхонагӣ аз матои пахтагин, дар ҶСК «Гулистони Душанбе» хилъатҳои махсуси муҳофизатии тиббӣ, дар ҶДММ «Сифат Саноат» хилъатҳои тиббӣ ва дар ҶДММ «Фармтекс» истеҳсоли маҳсулоти косметологӣ, истифодаи гигиенаи шахсӣ ва докаи тиббӣ дар асоси фармоиши мизоҷон ба роҳ монда шудааст, ки ба таъмини амнияти санитарию эпидемиологии аҳолии кишвар мусоидат мекунад.

Гуфта мешавад, ҶДММ “Фармтекс” маҳсулоти косметикӣ, нигоҳубини шахсӣ ва докаҳои тиббиро дар асоси фармоиш истеҳсол мекунад, ки ба таъмини амнияти санитарӣ ва эпидемиологии аҳолии кишвар мусоидат мекунад.

Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҶТ иттилоъ медиҳад, ки то имрӯз, 2-юми апрел дар Тоҷикистон сирояти коронавирус ба қайд гирифта нашудааст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.

Ду ҷудокори тоҷик дар садри радабандии ҷаҳонӣ қарор гирифтанд

Мавқеи паҳлавонони дигари тоҷик дар радабандии ҷаҳонии ҷудо.