Кумаки Чин ба Тоҷикистон барои муқовимат бар зидди коронавирус

Чин ба Тоҷикистон барои муқовимат бар зидди коронавирус кумаки башардӯстона пешниҳод кард. Маросими супурдани кумак дар сарҳади Тоҷикистону Чин рӯзи 30-юми март дар ВМКБ доир гардид. Дар ин бора ба “Азия-Плюс” аз Раёсати иттилооти Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон хабар доданд. “Ба Тоҷикистон маҷмӯаи реагентҳо барои ошкор кардани кислотаҳои нуклеинии коронавируси COVID-19 ҷиҳати баргузории 2000 таҳқиқот, 1000 […]

Чин ба Тоҷикистон барои муқовимат бар зидди коронавирус кумаки башардӯстона пешниҳод кард.

Маросими супурдани кумак дар сарҳади Тоҷикистону Чин рӯзи 30-юми март дар ВМКБ доир гардид. Дар ин бора ба “Азия-Плюс” аз Раёсати иттилооти Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон хабар доданд.

“Ба Тоҷикистон маҷмӯаи реагентҳо барои ошкор кардани кислотаҳои нуклеинии коронавируси COVID-19 ҷиҳати баргузории 2000 таҳқиқот, 1000 хилъати муҳофизатии тиббӣ, 500 дона термометр барои ҳароратсанҷӣ, 1000 дона айнакҳои тиббӣ, 1000 ҷуфт дастпӯшакҳои якдафъанаи тиббӣ ва 1000 ҷуфт пойафзоли якдафъаинаи тиббӣ (бахилҳо) супурда шуд”, – гуфтанд дар ВКХ ҶТ.

Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҶТ иттилоъ медиҳад, ки то имрӯз, 2-юми апрел дар Тоҷикистон сирояти коронавирус ба қайд гирифта нашудааст. Аз 1-уми феврал то 2-юми апрели соли равон 6272 нафар шаҳрвандоне, ки аз кишварҳои хориҷ ба Тоҷикистон ворид гардиданд, дар беморхонаҳои сироятӣ ва осоишгоҳҳои мамлакат ба карантин фаро гирифта шуданд. Аз ин шумора то санаи мазкур 2359 нафари онҳо ба хонаҳояшон рухсат дода шуда, айни ҳол 3913 кас дар карантин қарор доранд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.  

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Даҳҳо дарахт шикаста, хонаҳо зарар диданд. Хисороти офати табиии ду рӯзи гузашта дар Тоҷикистон

Дар натиҷаи омадани сел як мошинро дарёи Кофарниҳон бурдааст ва 5 мошини дигар зери лой мондаанд.

Омӯзиши хати форсӣ дар Тоҷикистон. Эмомалӣ Раҳмон ба ҳукумат дастур дод, ки сифати таълими алифбои ниёгон беҳтар карда шавад

Ӯ гуфтааст, ин кор "дар доираи омӯзиш ва тарғибу ташвиқи таъриху фарҳанги ориёӣ" анҷом шавад.

Қироншоҳ Шарифзода: “Азия-Плюс” намунаи миллатдӯстӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлатдорӣ аст!

Ин муҳаққиқи шинохта ба он назар аст, ки бо ташкили бахши тоҷикӣ нуфузи “Азия-Плюс” дучанд шуд.

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.