Бадахшон дар иҷрои нақшаи даъвати баҳорӣ ба артиш пешсаф аст

Имрӯз 32 нафар фарзандони хизматчиёни давлатӣ аз Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бо хоҳиши худ ба сафи Қувваҳои муссалаҳи Тоҷикистон шомил шуданд. Бино ба иттилои МИМҲД-и ВМКБ, дар майдони Исмоили Сомонии шаҳри Хоруғ ба хотири гусели даъватшудагон ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи ҷумҳурӣ мардуми зиёд гирд омада буд. То имрӯз, 2-юми апрел нақшаи даъватро дар Бадахшон 8 […]

Манзума Фирӯз, Asia-Pius

Имрӯз 32 нафар фарзандони хизматчиёни давлатӣ аз Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бо хоҳиши худ ба сафи Қувваҳои муссалаҳи Тоҷикистон шомил шуданд.

Бино ба иттилои МИМҲД-и ВМКБ, дар майдони Исмоили Сомонии шаҳри Хоруғ ба хотири гусели даъватшудагон ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи ҷумҳурӣ мардуми зиёд гирд омада буд.

То имрӯз, 2-юми апрел нақшаи даъватро дар Бадахшон 8 шаҳру ноҳия пурра иҷро карданд.

Дар ҷамъомад раиси ВМКБ Ёдгор Файзов изҳор дошт, ки солҳои охир Бадахшон дар сатҳи ҷумҳурӣ аз аввалинҳо шуда, ба ҳукумати ҷумҳурӣ дар бораи иҷрои даъвати ҷавонон ба артиши миллӣ ҳисобот медиҳад.

“Имсол низ дар иҷрои нақшаи даъвати баҳорӣ вилоят ба ҷойи якум баромад, ки барои ҳамаи мардуми Бадахшон мояи ифтихору сарфарозист”, – гуфт Ёдгор Файзов.

Раиси вилоят ба даъватшудагон барои иқдоми ватандӯстона арзи ташаккур ва дар адои хизмат ба онҳо саломатию комгорӣ таманно кард.

Дар ин ҳамоиш падару модарон, аскарон ва навдаъватшудагон низ суханронӣ карда, хизмат ба Модар-Ватанро  мояи шараф донистанд ва барои наваскарон роҳи сафед хостанд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.

Ду ҷудокори тоҷик дар садри радабандии ҷаҳонӣ қарор гирифтанд

Мавқеи паҳлавонони дигари тоҷик дар радабандии ҷаҳонии ҷудо.