Дархости ҷалби ҷомеаи шаҳрвандӣ ба такмилу баррасии лоиҳаи Кодекси андоз

Созмонҳои ҷамъиятии Тоҷикистон имрӯз, 2-юми апрел бо ирсоли як мактуби расмӣ аз Вазорати молияи ҶТ дархост кардаанд, ки ҷомеаи шаҳрвандии кишвар ба раванди баррасӣ ва такмили лоиҳаи Кодекси андоз ҷалб шавад. Дар ин мактуб, ки нусхаи онро ба “Азия-Плюс” пешниҳод карданд, “ташаббуси муҳокимаи лоиҳаи Кодекси андоз бо иштироки бахши хусусӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ пеш аз […]

Созмонҳои ҷамъиятии Тоҷикистон имрӯз, 2-юми апрел бо ирсоли як мактуби расмӣ аз Вазорати молияи ҶТ дархост кардаанд, ки ҷомеаи шаҳрвандии кишвар ба раванди баррасӣ ва такмили лоиҳаи Кодекси андоз ҷалб шавад.

Дар ин мактуб, ки нусхаи онро ба “Азия-Плюс” пешниҳод карданд, “ташаббуси муҳокимаи лоиҳаи Кодекси андоз бо иштироки бахши хусусӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ пеш аз фиристодани он барои баррасии ҳукумат” муҳим арзёбӣ шудааст.

“Мо боварӣ дорем, ки ҷалби намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ ба раванди баррасии лоиҳаи нави Кодекси андоз ба гурӯҳи кории байнисоҳавӣ дар такмили лоиҳаи мазкур, инчунин ба назар гирифтани хусусиятҳои андозсупории ташкилотҳои ғайритиҷоратӣ, аз ҷумла, таҷрибаи ҷории фаъолияти ҷомеаи шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон кумак мерасонад”, – омадааст дар ин мактуб.

Ташкилотҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ ташаббуси Вазорати молияро барои ба таври васеъ баррасӣ кардани лоиҳаи Кодекси андоз дастгирӣ намуда, омодагии худро баҳри иштироки фаъолона дар ин баррасиҳо ва таҳияи пешниҳодот барои беҳтар намудани лоиҳаи мазкур иброз доштанд.

“Хоҳиш мекунем, ки ба мо лоиҳаи Кодекси андозро барои шиносшавӣ ва омодасозии пешниҳодот, ҳамзамон ташкил кардани баррасии якҷояи лоиҳаи мазкур бо ҷомеаи шаҳрвандӣ дар шаҳри Душанбе ва минтақаҳо дастрас намоед. Мо аз ҷониби худ омодаем, ки ташаббуси шуморо оид ба ташкили чунин баррасиҳо ҳам дар шаҳри Душанбе ва ҳам дар минтақаҳо дастгирӣ намоем”, – изҳор доштанд масъулини созмонҳои ҷамъиятӣ.

Дар ин муроҷиати худ намояндагони ҷомеаи шаҳрвандии Тоҷикистон ба ҳамкориҳои судманд бо Вазорати молия ва гурӯҳи кории байнисоҳавӣ изҳори умедворӣ кардаанд.

Ин мактуб ба вазири молияи Тоҷикистон Файзиддин Қаҳҳорзода аз номи 10 ташкилоти ҷомеаи шаҳрвандӣ – Ассотсиатсияи миллии соҳибкории хурд ва миёнаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Фонди ҷамъиятии “Нотабене” ва ташкилотҳои ҷамъиятии “Ассотсиатсияи ҳуқуқшиносони Помир”, “Дафтари озодиҳои шаҳрвандӣ”, “Зеркало”, “Идораи ҳуқуқи инсон ва риояи қонуният”, “Маркази мустақили ҳифзи ҳуқуқи инсон”, “Ҳуқуқ ва беҳбудӣ”, “Маркази ҳуқуқи инсон” ва “Маркази ТИК” ирсол шудааст.

Ёдрас мекунем, моҳи майи соли гузашта раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон супориш дод, ки бо назардошти манфиатҳои шахсии субъектҳои соҳибкорӣ ва шаҳрвандони ҷумҳурӣ Кодекси андоз дар таҳрири нав таҳия шавад.

Аз қабули Кодекси андози ҳозира шаш сол сипарӣ шуда, он 1-уми январи соли 2013 мавриди амал қарор гирифта буд.

Дар назар аст, ки қонунгузории нави андози ҷумҳурӣ аз моҳи сентябри соли равон мавриди амал қарор мегирад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Даҳҳо дарахт шикаста, хонаҳо зарар диданд. Хисороти офати табиии ду рӯзи гузашта дар Тоҷикистон

Дар натиҷаи омадани сел як мошинро дарёи Кофарниҳон бурдааст ва 5 мошини дигар зери лой мондаанд.

Омӯзиши хати форсӣ дар Тоҷикистон. Эмомалӣ Раҳмон ба ҳукумат дастур дод, ки сифати таълими алифбои ниёгон беҳтар карда шавад

Ӯ гуфтааст, ин кор "дар доираи омӯзиш ва тарғибу ташвиқи таъриху фарҳанги ориёӣ" анҷом шавад.

Қироншоҳ Шарифзода: “Азия-Плюс” намунаи миллатдӯстӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлатдорӣ аст!

Ин муҳаққиқи шинохта ба он назар аст, ки бо ташкили бахши тоҷикӣ нуфузи “Азия-Плюс” дучанд шуд.

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.