Баррасии масоили Covid-19 дар мулоқотҳои вазири умури хориҷии Тоҷикистон

Вазири корҳои хориҷии ҶТ Сироҷиддин Муҳриддин рӯзи 6-уми апрел ҳамоҳангсози доимии Созмони Милали Муттаҳид дар Тоҷикистон Сезин Синаноғлу ва роҳбари намояндагии Бонки Ҷаҳонӣ дар Тоҷикистон Ян-Питер Олтерсро ба ҳузур пазируфт. Тибқи иттилои ВКХ ҶТ, дар мулоқот ҷонибҳо дар бораи иқдомҳои муштараки ҷомеаи ҷаҳонӣ ва Тоҷикистон дар заминаи пешгирии шуюи бемории ҳамагири COVID-19 ва паёмадҳои иқтисодӣ […]

Asia-Plus

Вазири корҳои хориҷии ҶТ Сироҷиддин Муҳриддин рӯзи 6-уми апрел ҳамоҳангсози доимии Созмони Милали Муттаҳид дар Тоҷикистон Сезин Синаноғлу ва роҳбари намояндагии Бонки Ҷаҳонӣ дар Тоҷикистон Ян-Питер Олтерсро ба ҳузур пазируфт.

Тибқи иттилои ВКХ ҶТ, дар мулоқот ҷонибҳо дар бораи иқдомҳои муштараки ҷомеаи ҷаҳонӣ ва Тоҷикистон дар заминаи пешгирии шуюи бемории ҳамагири COVID-19 ва паёмадҳои иқтисодӣ ва иҷтимоии он ба кишвар табодули назар карданд.

Сироҷиддин Муҳриддин дирӯз ҳамчунин сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Мардумии Чин дар Тоҷикистон Лю Бинро ба ҳузур пазируфт.

Дар мулоқот дурнамои муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Чин ва иқдомҳои муштараки ду кишвар дар самти пешгирии шуюи коронавируси нав баррасӣ шуданд.

Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҶТ иттилоъ медиҳад, ки то 6-уми апрел дар Тоҷикистон сирояти коронавирус ба қайд гирифта нашудааст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

 

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Рақибони дастаи футболи Тоҷикистон дар Ҷоми Осиё муайян шуданд

Ҷоми Осиё-2027 аз 7-уми январ то 5-уми феврали соли оянда дар Арабистони Саудӣ баргузор мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон ба Чин сафар мекунад

Зимни ин сафар татбиқи лоиҳаҳои муштарак, аз ҷумла энергетика, “иқтисоди сабз” ва фанновариҳои рақамӣ" баррасӣ хоҳанд шуд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 10 майи соли 2026

Аз таъсиси Консерваторияи миллӣ то зодрӯзи Ҳошим Гадову Абдулмаҷид Достиев.

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.